
16-и ОЗАР, БАРОБАР БА 7 декобр – РӮЗИ АМИРХУСРАВИ ДЕҲЛАВӢ, ТУТИИ ШАККАРШИКАН ВА САЪДИИ ҲИНДУСТОНИ МО
07.12.2025, муаллиф Обид Шакурзода
Ҳаким Абулҳасан Йаминуддин ибни Сайфуддини Маҳмуд, ки ба Амирхусрави Балхии Деҳлавӣ шуҳрат дорад, фарзавнди Амирсайфуддини Маҳмуд, аз амирони Балх аст ва дар соли 624-и хуршедӣ (1246-и милодӣ) дар шаҳри Патиёла (иёлати Панҷоби Ҳинд) чашм бар ҷаҳон гушуд. Падари ӯ бар асари йуриши муғул ба Балх, ночор ба Ҳиндустон муҳоҷират карда буд. Амирхусрав аз кудакӣ таҳти шарҳҳои адабӣ ва забонӣ қарор гирифт ва баробари тасаллут бар сарфу наҳви забони модарияш – форсӣ, бар арабӣ, туркӣ ва сонскрит тасаллут ёфт. Ба ӯ лақаби Саъдии Ҳинд дода буданд.
Амирхусрав даврони кӯдакию навҷавонии худро дар Деҳлӣ гузаронд. Сипас дар маҳзари Шайх Низомуддин Муҳаммад ибни Аҳмади Деҳлавӣ, маъруф ба Низомуддини Авлиё, яке аз бузургтарин ва машҳуртарин машойих ва орифони даврон шогирдӣ кард. Тавассути Шайх тавонист, ки бо Ҳасани Деҳлавӣ ошнову дӯст шавад.
Амирхусрав монанди падар, ки симати «амиру-л-умаро»-ӣ дошт, дар дарбор бузургию сарварӣ ёфта буд ва замоне дар боргоҳи Ҷалолуддини Фирӯзшоҳ бо касби ҷойгоҳе, лақаби амирӣ гирифт.
Амирхусрав аввалин касест ки адабийёти урдуро поягузорӣ кард ва навовариҳои бисёре дар мусиқии ҳиндӣ эҷод намуд.
Дар шеъри форсӣ Амирхусрав аз сабкҳои Саъдию Низомии Ганҷавӣ таъсир пазируфта ва дар ғазалсароӣ, қасида ва маснавӣ маҳорати хоссе дошт. Осори манзуми ӯро то чаҳорсад ҳазор байт баршумурдаанд. Таълифоти манзуми форсии Амирхусрави Деҳлавӣ иборатанд:
Девони Амирхусрав, дорои панҷ дафтар:
1- «Туҳфату-с-сиғар» – сурудаҳои ӯ дар даврони 16 то 19-солагӣ, шомили ғазалҳо, тарҷеъбандҳо, қасидаҳо ва зиндагиномаи шоир дар он айём аст;
2- «Васату-л-ҳаёт», сурудаҳо аз 20 то 32-солагӣ – қитъаҳо, ғазалҳо, рубоиҳо, қасидаҳо, тарҷеъбандҳо.
3. «Ғуррату-л-камол» – шомили ашъори Амирхусрав аз 34 то 43-солагӣ – қитъаҳо, қасидаҳо, тарҷеъбандҳо;
4. «Бақийятун нақийя» – ашҳъори даврони пирӣ ва шомили як маснавии кӯтоҳ, рубоиҳо, қасидаҳо, тарҷеъбандҳо.
5. «Ниҳояту-л-камол» – сурудаҳои вопасини солҳои ҳаёти шоир.
Ҳамчунин:
Девони ғазалиёт, «Ҳаштбиҳишт», «Матлаъу-л-анвор», «Ойинаи Сикандарӣ», «Ширину Хусрав», «Маҷнуну Лайлӣ», «Қирону-л-саъдайн», «Нуҳсипеҳр», «Мифтоҳу-л-футуҳ», «Дувалронию Хизрхон», «Се шоҳзодаи Сарандеб» ва чанде дигар.
Сабки шеъри Амирхусрав дорои вижагиҳое чун латофат, содагӣ, баёни отифӣ ва корбурди вожагони ноби форсии тоҷикӣ, ҳиндӣ ва то ҷое туркист. Ӯ таъсири басазое бар шоирони Ҳинду форсизабон гузошт. Суханварони бузурги мо, ҳамчун Ҳофиз ва Ҷомӣ бо осори ӯ ошноӣ доштанд ва таҳти таъсири сабку шеваҳои ӯ қарор гирифтанд.
Рӯзи 16-и озар (7 декобр) ба унвони Рӯзи бузургдошти Амирхусрави Деҳлавии Балхӣ номгузорӣ шудааст. Ва ин рӯз фурсатест барои арҷ ниҳодан ба мероси фарҳангӣ, адабӣ ва мусиқии ӯ ва ёдоварии ҷойгоҳи волю таъсири мондагори Амирхусрав дар шеъри форсӣ ва адаби урдуву мусиқии Ҳинду Афғонистон аст. Ёди номи ӯ ҳамчунон илҳомбахши наслҳои ҷадиди шоирон, мусиқидонон ва аҳли ҳунар дар саросари ҷаҳон мебошад. Намунае аз сурудаҳои Амрхусрав:
Абр мебораду ман мешавам аз ёр ҷудо,
Чун кунам дил ба чунин рӯз, зи дилдор ҷудо.
Абру борону ману ёр ситода ба видоъ,
Ман ҷудо гирякунон, абр ҷудо, ёр ҷудо!
Сабза навхезу ҳаво хурраму бустон сарсабз,
Булбули рӯйсияҳ монда зи гулзор ҷудо!
Эй маро дар таҳи ҳар банд зи зулфат банде
Чӣ кунӣ, банд зи бандам ҳама як бор ҷудо!
Дидаам баҳри ту хунбор шуд эй мардуми чашм
Мардумӣ кун, машава аз дидаи хунбор ҷудо!..
Медиҳам ҷон, марав аз ман ва-гарат бовар нест,
Беш аз он хоҳӣ, биситон ва нигаҳ дор ҷудо!
Ҳусни ту дер намонад, чу зи Хусрав рафтӣ,
Гул басе дер намонад, чу шуд аз хор ҷудо!
Ва ин ғазали ширин ҳам аз ӯст:
Эй чеҳраи зебои ту рашки бутони озарӣ,
Ҳар чанд васфат мекунам, дар ҳусн аз он зеботарӣ!
Ҳаргиз наёяд дар назар нақше зи рӯят хубтар
Шамсӣ надонам ё Қамар, ҳурӣ надонам, ё парӣ?!
Офоқро гардидаам, меҳри бутон варзидаам
Бисёр хубон дидаам, аммо ту чизи дигарӣ!
Эй роҳату ороми ҷон, бо қади чун сарви равон
З-ин сон марав доманкашон, к-ороми ҷонам мебарӣ!
Азми тамошо крадаӣ, оҳанги саҳро кардаӣ,
Ҷону дили мо бурдаӣ, ин аст рпасми дилбарӣ?!
Олма ҳама яғмои ту, халқе ҳ ама шайдои ту
Он наргиси раънои ту оварда кеши кофарӣ!
Хусрав ғариб асту гадо, уфтода дар шаҳри шумо
Бошад, ки аз баҳри Худо сӯйи ғарибон бингарӣ!