Анҷуман
Анҷумани Фарҳангии Утришу Тоҷикистон моҳи январи соли 2024 таъсис ёфта, 15 майи соли 2024 ҳамчун ташкилоти ғайритиҷоратӣ сабти ном шудааст.
ÖTK як ташкилоти ҷамъиятист, ки ҳадафаш нигоҳдорӣ ва тақвияти робитаҳо, табодули иқдомҳои фарҳангӣ, варзишӣ, башардӯстона, ҷамъиятӣ, хусусӣ ва таҳкими муносибатҳои нек байни мардуми Утриш ва тоҷик мебошад.
Анҷумани фарҳангии Утриш ва Тоҷикистон вазифахои асосии худро чунин элом медорад:
Барқорор кардан ва пойдор нигаҳ доштани равобити дуҷониба дар сатхи маданй ва ба хам наздик овардани инсонҳо дар бахшҳои гуногуни ҳаёти ҳарруза.
Пойдор нигаҳ доштани дӯстии миллатҳои муқими Утриш ва тақвияти он.
Барпл кардани имконот барои мубодилаи таҷрибаҳои фарҳангӣ, варзишӣ, ҷамъиятӣ ва башардустӣ.