Sandor_Habsburger.1

ҲАМОИШИ НАХУСТИНИ ДИАСПОРАҲОИ ФОРСИЗАБОН ДАР ВЕНА

03.12.2025 

Имрӯз дар шаҳри Вена, пойтахти Утриш, намояндагони диаспораҳои се кишвари форсизабон Афғонистон, Тоҷикистон ва Эрон дар як ҳамоиши муштарак гирд омаданд. Ҳадафи ин нишаст баррасии роҳҳои густариши ҳамкорӣ, ҳамоҳангсозии барномаҳо ва ба роҳ мондани чорабиниҳои фарҳангии муштарак буд.

Ин ҷаласа ҳамчун аввалин ҳамоиши расмии ин се иттиҳодияи фарҳангӣ доир гашта, муҳити созанда ва муколамаи бозро миёни намояндагони ҳар се кишвар ба вуҷуд овард. Ташкилотҳо изҳор доштанд, ки ҳамкориҳои минбаъда метавонад ба таҳкими ҳуввият, ҳамраъйӣ ва ҳамгироии фарҳангии ҷомеаҳои форсизабон дар Аврупо саҳми муассир гузорад.

Дар кори ҳамоиш шоҳзода Сандор Ҳабсбург-Лотарингӣ низ иштирок намуд. Ҷаноби олӣ бо фаъолият, ҳадафҳо ва барномаҳои ин иттиҳодияҳо муфассал ошно шуд. Иштироки шоҳзода ва таваҷҷӯҳи самимонаи ӯ ба рушди ҳамкориҳои фарҳангӣ бо сипоси гарми иштирокчиён истиқбол ёфт.

Ташкилотҳои муҳоҷирин изҳори умедворӣ карданд, ки ин мулоқот оғози марҳилаи нави ҳамкорӣ буда, дар оянда ба баргузории барномаҳои ҷолиб ва муассири фарҳангӣ мусоидат хоҳад кард.

Ин ҳамоиш қадами муҳиме дар роҳ ба сӯи эҷоди фазои муштараки дӯстӣ ва робитаҳои фарҳангии се кишвари ҳамзабон дар қалби Аврупо мебошад.