ÖTK.004

АНҶУМАНИ ФАРҲАНГИИ ТОҶИКИСТОН ВА УТРИШ ЯКСОЛА ШУД

Имрӯз расо як сол мешавад, ки Анҷумани фарҳангии Тоҷикистон ва Утриш фаъолияти расмияшро оғоз бахшидааст. 

Ин як соли пурбор, пурпеч ва пур аз дастовардҳо буд, ки дар он Анҷуман тавонист бо баргузории чорабиниҳои гуногун, фарҳанги ғании тоҷикро дар Утриш ва Аврупо муаррифӣ намояд. 


Санаи 14-уми сентябр, Анҷуман шоми фарҳангӣ ва ҳунарии тоҷикиро дар Вена бо шукӯҳ ва шаҳомати хоса баргузор намуд. Дар ин барнома, ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Сироҷиддин Ҷӯраев, раққосаи ансамбли машҳури “Зебо” Мадина Сабирова ва шогирди ҷавони Сироҷиддин, Равшанбек Ҷӯраев, ҳунарнамоӣ карданд.

Инчунин Анҷуман дар баргузории маҳфили адабие, ки бо ибтикори маҷаллаи Diplomatic SOCIETY баргӯзор гардид ва дар ин маҳфили адабӣ намояндагони 4 кишвари форсизабон иштирок карданд фаъолона иштирок кард. 


Анҷуман инчунин дар ташкили чорабиниҳои фарҳангӣ ва таълимӣ ва варзишӣ саҳмгӯзор буд.

 Анҷуман дастаи футболи хурди “Помир Душанбе”-ро дар Вена ташкил ва муаррифӣ кард, ки ба ҷавонон имконият медиҳад, то дар муҳити солим ва дӯстона фаъолият кунанд. Дастаи “Помир Душанбе” дар лигаи 4-уми Иттиҳодияи футболи хурди Утриш (ÖKFB) баромад карда, таҷрибаи хуби варзишӣ касб кард.

Нигарониҳо ва дурнамо

Бо вуҷуди дастовардҳои назаррас, Анҷуман дар роҳи рушди худ бо баъзе мушкилот рӯ ба рӯ гардид, аз ҷумла, маҳдудияти захираҳо ва дастрасӣ ба макони муносиб барои баргузории чорабиниҳо. Бо вуҷуди ин, Анҷуман бо иродаи қавӣ ва дастгирии аъзоён ва дӯстдорони фарҳанг, ба пешрафт ва густариши фаъолиятҳои худ идома медиҳад. Мо тавонистем мушкили макони баргузории чорабиниҳоро ҳал кунем. Анҷуман рӯзҳои наздик соҳиби идораи бошукуҳ хоҳад гардид, ки дар он имкони гӯзаронидани ҳамагуна чорабиниҳои фарҳангӣ ва таълимӣ муҳайё хоҳад гашт. 

Як соли фаъолияти Анҷумани фарҳангии Тоҷикистон ва Утриш нишон дод, ки бо талоши муштарак ва муҳаббат ба фарҳанг, метавон пуле байни миллатҳо ва фарҳангҳо сохт. Бо умеди он, ки дар солҳои оянда Анҷуман бо дастовардҳои нав ва барномаҳои ҷолибтар, саҳми бештаре дар муаррифии фарҳанги тоҷик дар арсаи байналмилалӣ хоҳад дошт.

Барои маълумоти бештар ва пайгирии чорабиниҳои оянда, метавонед ба сомонаи расмии Анҷуман муроҷиат кунед: https://oetk.org