Boboi.Safar.001
ҶАШНИ ЗОДРӮЗ МУБОРАК БОШАД! 

Мири шаҳри Вена, ҷаноби Михаил Людвиг (Michael Ludwig), ба бузургсолтарин узви Анҷумани фарҳангии Тоҷикистон ва Утриш - бобои Сафар Юсуфӣ, ба муносибати 75-солагиашон барқияи шодбошӣ ирсол намудаанд. 

Анҷуман бо камоли эҳтиром ба ин табрикот ҳамовоз шуда, бузургвори гиромиро самимона шодбош мегӯяд. Бобои Сафар Юсуфӣ яке аз шахсиятҳои фаъол дар корҳои ҷамъиятии анҷуман ба шумор рафта, ҳамеша бо ҳузури худ ба чорабиниҳо рангу рӯҳи тоза мебахшанд. Мо аз самими дил барояшон саломатии бардавом, рӯзгори пурсаодат ва умри дароз орзу менамоем. Орзумандем, ки минбаъд низ дар паҳлӯи мо бошанд ва бо ҳузури муборакашон маҳфилҳои моро зебу нур бахшанд.

Ҳамзамон, ба мири шаҳри Вена ҷаноби Михаил Людвиг изҳори сипос менамоем, ки ба узви анҷумани мо таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, бо паёми шодбошии хеш на танҳо соҳибҷашн, балки тамоми ҷомеаи моро шод гардониданд.

Бо орзуи сарбаландӣ ва рӯзҳои неку пурфайз, бори дигар ба бобои Сафар Юсуфӣ тамоми хушиҳои зиндагиро таманно дорем.

Анҷумани фарҳангии Тоҷикистон ва Утриш