
БА ПЕШ, "TAJIK BOYS"!
Мавсими нав, ҳадафҳои нав.
20.09.2026
Дастаи футболи хурди “Tajik Boys“ расман мавсими дуюми худро оғоз бахшид. Ин қадами нав дар таърихи даста ва имконияти хубест барои нишон додани маҳорату ҳамбастагӣ.
Ин мавсим дастаи мо дар Лигаи 3-юми Socca Austria ҳунарнамоӣ мекунад. Дар мусобиқа 14 дастаи қавӣ иштирок доранд, ки ин аз рақобатҳои шадид, бозиҳои ҷолиб ва пурҳаяҷон мужда медиҳад. Ҳар як дидор барои мо финал ва ҳар як хол муҳим хоҳад буд.
Ба ҳамаи бозингарон ва мураббиёни даста дар мавсими нав муваффақият, бозии зебо ва ғалабаҳои пайдарпай таманно дорем!
Ба пеш, “Tajik Boys”!