
БУЗУРГДОШТИ ОДАМ-УШ-ШУАРО АБӮАБДУЛЛОҲИ РӮДАКӢ ДАР ШАҲРИ ВЕНА
09.01.2026
Ҳеҷ шодӣ нест андар ин ҷаҳон,
Бартар аз дидори рӯи дӯстон.
Ҳеҷ талхи нест бар дил талхтар,
Аз фироқи дӯстони пурҳунар.
Анҷумани фарҳангии Тоҷикистон ва Утриш 31 январро рӯзи “Бузургдошти одам-уш-шуаро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ” эълон менамояд.
Анҷуман дар назар дорад, ки дар рӯзи 31 январ маҳфили адабӣ ва фарҳангиро таҳти унвони «Бузургдошти адиб Рӯдакии Самарқандӣ» баргузор намояд. Ин барнома ба посдошти мақоми илмӣ, адабӣ ва таърихии Рӯдакӣ ҳамчун поягузори сухани порсӣ баргузор мегардад.
Маҳфил дар шакли нишасти адабӣ ва ҳунарӣ доир шуда, дар он қироат ва таҳлили баргузидаҳое аз осори Рӯдакӣ ва иҷрои мусиқии суннатӣ бар пояи ашъори ӯ ба ҳозирин пешниҳод мегардад.
Ин маҳфил бо ҳадафи муаррифии дастовардҳои адабии ҳавзаи порсизабонон ва фароҳам овардани заминае барои ошноӣ ва гуфтугӯи илмию адабӣ миёни алоқамандон ва пажӯҳишгарон мебошад, ки ҳадаф бунёди таҳкурсии идомаи суннати андеша ва офариниши адабиро дар паҳнои фарҳанги форсизабон муҳайё кардан аст.
Анҷумани фарҳангии Тоҷикистон ва Утриш аз устодони донишгоҳ, пажӯҳишгарон, донишҷӯёни таҳсилоти такмилӣ ва алоқамандони омӯзишҳои адабӣ ва фарҳангӣ даъват менамояд, ки бо ҳузур ва иштироки илмии худ бар ғановати ин нишаст биафзоянд.
Замон: 31.01.2026, соати 17:00
Макон: Flachgasse 22/1A, 1150 Wien
Лутфан барои номнависӣ бо ин рақам тамос гиред: 0665 65 83 0000 (WhatsApp)