Чеҳраи маки Ҷонбоз бо қалами Борис Мараматшоев

IMG maki jonboz

Борис Алидодович Мараматшоев (тав. 23 марти 1995) як рассоми маъруфи тоҷик аст, ки бо сабки гиперреалистии худ дар эҷодиёти муосир шӯҳрат пайдо кардааст. Вай дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон таваллуд шудааст ва аз хурдсолӣ ба рассомӣ шавқу ҳавас доштааст. Осори Мараматшоев аксаран табиати зебои Помир ва чеҳраҳои мардуми кӯҳистонро инъикос мекунанд, ки бо дақиқии бениҳоят ва эҳсосоти амиқ офарида мешаванд.

Ин рассоми боистеъдод,натанҳо як эҷодкор аст, балки ҳамзамон раҳнамо (ментор) барои насли нави рассомони ҷавон низ хидмат мекунад. Ӯ бо истифода аз наққошиҳои худ на танҳо манзараҳои кӯҳистонро, балки фарҳанг, зиндагӣ ва чеҳраҳо хоси мардуми бумиро бо тамоми ҷузъиёташ ва бо шеваи хос ва воқеият ба тасвир мекашад.

 

Яке аз асарҳои намоёни Мараматшоев, ки инъикосгари маҳорати фавқулодаи ӯст, тасвири Ҷонбоз Душанбиев, маъруф ба “маки Ҷонбоз”, як ромишгари чирадаст аз водии Бартанг мебошад

 

Маки Ҷонбоз на танҳо бо маҳорати олии навозиши ғижак маъруф аст, балки ҳангоми иҷрои мусиқӣ, ба таври ҷонбахш ба рақс медарояд, ки ин ҳаракатҳои ӯ дар толор ҳаяҷони махсусе эҷод мекунанд. Ҳунараш таврест, ки ҳар як нағмаи ғижакаш ба қалби тамошобин таъсири амиқ мегузорад ва шунавандаро бо навҳаи мусиқияш шефта мекунад.

 

Ҳамоҳангии беназири ӯ байни навозиш ва рақс ба намоишҳо ҳусни хоса мебахшад, ки гӯё тамоми толор бо ӯ якҷоя мерақсанд. 

 

Борис Мараматшоев чеҳраи "маки Ҷонбоз"-ро бо як ҷозибаи ба худ хос, ба таври фавқулода, ба тасвир кашидааст. Ин асар намунаи олии маҳорати гиперреалистии рассом мебошад, ки дар он тамоми ҷузъиёт ва равшании чеҳра бо дақиқии баланд ва эҳсосоти амиқ инъикос ёфтааст.