Чойхонаи тоҷикӣ дар „Minimundus” хонаи нав ёфт

Азбаски чойхонаи тоҷикӣ, ки онро соли 1989 шаҳри Душанбе ба шаҳри Клагенфурт тӯҳфа карда буд, дар ҷои пешинааш осеб дида буд, онро барқарор карданд ва ба „Minimundus”*IMG 0012 кӯчониданд. „Minimundus“ дар кӯли Вертерзее хонаи нави чойхонаи тоҷикӣ шуд. Тӯҳфаи бародаршаҳри Клагенфурт, Душанбе, ки пас аз солҳои фаромӯшӣ ҳоло бо шукӯҳи нав хоҳад дурахшид.

Клагенфурт аз соли 1973 бародаршаҳри Душанбе аст. Соли гузашта 50-солагии муносибатҳои бародарии ин ду шаҳр ҷашн гирифта шуд. 

Соли 1989 Душанбе ба Клагенфурт барои дастгирии онҳо дар робита ба заминларзаи шадид дар каноои пойтахти Тоҷикистон чойхонаи анъанавӣ тӯҳфа кард. Чойхона ин ошхона ва тарабхонаҳои маъмулӣ ва сунатӣ дар Осиёи Марказӣ ҳастанд. Чойхонаи тоҷикӣ дар Клагенфурт аз чуб сохта шуда, чор паҳлӯяш кушода ва болопушаш бо тарзи миллии суннатӣ оро дода шудааст. Пештар ин чойхона дар яке аз боғҳои кучаки Клагенфурт бо номи Шютсенпарк ҷойгир буд​

 

*„Minimundus”-боғест, ки он ҷо биноҳо ва сохтмонҳои машҳури дунё дар миқёси 1/25 сохта шудааст. Яъне “Олами кучак”

 

(Акс аз википедия)