IMG_5299
ДАЪВАТНОМА

Аввалин шоми фарҳангии ҳавзаи тамадунии форсизабон дар Утриш.

Афғонистон — Эрон — Тоҷикистон

Бо камоли эҳтиром ва шодии самимӣ Шумо ва дӯстони гиромиятонро ба аввалин шоми фарҳангии ҳавзаи фарҳангии форсизабон дар Утриш даъват менамоем.

Ин шоми махсус ба фарҳанг, забон, адабиёт, мусиқӣ ва санъати муштараки Афғонистон, Эрон ва Тоҷикистон бахшида шудааст.

Шуморо ашъори ҷовидонаи Мавлоно Румӣ, барномаи рақсии бону Муниса Мурсалзода ва мусиқии суннатии ин ҳавзаи муштараки фарҳангӣ интизор аст.

📅 Замон: якшанбе, 13 сентябри соли 2026. Оғоз соати 14:00

📍 Макони баргузорӣ: Karl-Lothringer-Straße 26, 1210 Вена

🎟️ Вуруд: бо эҳсон ё саҳми ихтиёрӣ

🍽️ Буфет: Дар ҷараёни барнома бо пардохти ночизи ҷуброни хароҷот буфет пешниҳод мешавад.

Азбаски ҷойҳо маҳдуданд ва аллакай таваҷҷуҳи зиёд ба ин чорабинӣ вуҷуд дорад, хоҳиш мекунем то 10 сентябри соли 2026 худро номнавис намоед.

Ҳузури Шумо ба ин шоми фарҳангии вижа ҳусни бештар мебахшад ва нишонаи зебое аз нигоҳдорӣ, қадршиносӣ ва пайванди мо бо суннатҳои муштараки фарҳангиамон хоҳад буд.

Бо камоли шодмонӣ интизори иштироки Шумо ва як шоми гарму хотирмон ҳастем.

Бо эҳтироми самимӣ,
Гурӯҳи ташкилкунандаи шоми фарҳангии ҳавзаи тамаддунии форсизабон