ДАСТАИ “ПОМИР ДУШАНБЕ” БОЗ БА МАЙДОН МЕБАРОЯД
05.09.2025
7-уми сентябр дар шаҳри Вена даври аввали мусобиқоти футболи хурд дар лигаи 4-ум оғоз мегардад. Дастаи “Помир Душанбе”, ки бо ибтикори Анҷумани Фарҳангии Тоҷикистон ва Утриш таъсис ёфтааст, соли дуюм аст, ки дар ин мусобиқот ширкат меварзад.
Ин даста аз ҷавонони тоҷиктабори муқими Утриш созмон ёфта аст. Ҳадафи асосии созмони дастаи футболбозон на танҳо пирӯзӣ дар майдон, балки гирди ҳам овардани ҷавонон, таҳкими ҳамбастагӣ бо кишваре, ки ин ҷо зиндагӣ мекунем ва муаррифии миллати тоҷик тавассути варзиши рақами як - футбол мебошад.
Рафти бозиҳоро метавонед онлайн дар ин сомона пайгирӣ намоед: www.oekfb.eu
Мо ба дастаи “Помир” дар мавсими нав муваффақият, бурдборӣ ва пирӯзиҳои пай дар пай орзӯ дорем!