
ЭЪЛОНИ ДАВРАҲОИ ФАРҲАНГӢ, ОМӮЗИШӢ ВА ТАРБИЯВӢ БАРОИ КӮДАКОН ВА НАВРАСОН
25.11.2025, Вена
Анҷумани фарҳангии Тоҷикистон ва Утриш ба таваҷҷуҳи тоҷикони муқими Утриш мерасонад, ки 29-уми ноябри соли 2025 дар Маркази тоҷикони Утриш давраҳои фарҳангӣ, омӯзишӣ ва тарбиявӣ барои кӯдакон ва наврасони аз 6 то 15 соларо оғоз менамояд.
Барнома:
1.Омӯзиши забони модарӣ,
2.Тарбия дар руҳияи миллӣ-мазҳабӣ
3.Ошноӣ бо одоб ва суннатҳои миллӣ
4.Кашфи истеъдодҳо
5.Тақвияи иртибот байни онҳо
Давраҳо рузҳои шанбе, аз соати 15:00 то 17:00 баргузор мешаванд.
Дарсҳо дар фазои гарму самимӣ, бо забони модарӣ ва бо дарназардошти синну соли иштирокчиён сурат мегиранд.
Суроға:
Flachgasse 22, 1150 Wien
Барои дарёфти маълумоти бештар метавонед бо шумораи зерин тамос гиред:
📞 +43 665 65 83 0000