Елена Денгг қаҳрамони ҷудои ҷаҳон!
Имрӯз ҷудокори ҷавони утришӣ, Елена Денгг, дар қаҳрамонии ҷаҳон байни наврасон, ки дар шаҳри Душанбе баргузор гардида истодааст, бо нишон додани маҳорат ва истеъдоди зебо соҳиби медали тилло ва унвони қаҳрамони ҷаҳон гардид.
Ин дастоварди ӯ ва муҳорибаи зебову пуршиддаташ мухлисони ҷудоро ба ҳайрат овард.
Дар роҳи худ ба сӯи финал, Елена Денгг бо чаҳор пирӯзии пайдарпай рақибонашро бо истеъдоди олӣ мағлуб намуд. Нахуст, ӯ бо Ҳоли Девалл аз Бритониё рӯ ба рӯ шуда, бо бартарии комил ғалаба кард. Дар даври дуюм, ӯ бар Фирӯза Аҳмадова (тими бетараф) ва дар даври сеюм бар намояндаи Чин Ҳютинг Юан пирӯз шуд. Дар даври нимниҳоӣ, Елена бо рақиби пурқувват ва ботаҷрибаи ҷопонӣ Маэда Рин қувваозмоӣ кард. Ин давра то марҳилаи "Golden Score" давом кард, ки дар ниҳоят Денгг бо маҳорати баланд пирӯз гардид ва ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт.
Дар даври ниҳоӣ, Елена Денгг бо ҷудокори суисӣ Април Фоҳоу рӯ ба рӯ шуд. Ин ду ҷудокори ҷавон бо омодагии қавии ҷисмонӣ ва руҳӣ вориди майдон шуда, рақобати ниҳоиро ба як намоиши нерӯ ва тактик табдил доданд.
Муборизаи ниҳоӣ байни Елена Денгг ва Април Фоҳоу сахт ва пур аз ҳамлаҳои ҷасурона буд. Ҳарду бо масъулияти баланд ва шиддати муҳориба барои унвони қаҳрамонӣ мубориза мебурданд. Бо гузашти вақт, Елена тадриҷан бартарӣ пайдо кард, ва рақибаш, ки ду бор ҷарима гирифт, маҷбур шуд ба ҳамлаҳои ҷавобӣ гузарад. Пас аз тақрибан 8 дақиқаи муҳориба дар давраи тиллоӣ, Елена бо ҳаракати ваза-ари ғолиб омад ва унвони қаҳрамони ҷаҳонро дар байни наврасон ба даст овард.
Ин пирӯзии таърихӣ нишон дод, ки ҳам Елена Денгг ва ҳам Април Фоҳоу омодаанд дар сатҳи олӣ баромад кунанд. Эҳтимол аст, ки дар мусобиқаҳои ояндаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла дар WJT, ин ду варзишгари боистеъдод боз ҳам дар саҳнаҳои ҷаҳонӣ баромад намуда, барои дастовардҳои нав талош намоянд.
Зимнан, Анҷумани фарҳангии Тоҷикистон ва Утриш аз фурсат истифода бурда, Елена Денгг ва тамоми мухлисони ӯро бо ин дастоварди барҷаста табрик гуфта, ба ӯ фатҳи қуллаҳои нави варзиширо таманно менамояд. Мо ифтихор мекунем, ки Елена Денгг дар пойтахти ватани мо, шаҳри Душанбе, унвони қаҳрамонии ҷаҳонро ба даст овард. Офарин, Елена!