"FC Pamir Dushanbe" дар Вена
Ба маълумоти ҳамватанони муқими Утриш мерасонем, ки Анҷумани Фарҳангии Тоҷикистон ва Утриш ба Шумо дастаи футболи хурди “Помир Душанбе”-ро муаррифӣ мекунад.
Дастаи "Помир" имсол дар лигаи 3-юми футболи хурди шаҳри Вена иштирок карда, бозиҳои худро баргузор хоҳад кард. Ин даста пурра аз ҷавонони тоҷики муқими Утриш иборат буда, ҳадафи асосии он на танҳо иштироки фаъолона дар мусобиқаҳо, балки муаррифии шоистаи фарҳанги тоҷикӣ ва тарғиби варзиши тоҷик дар арсаи байналмилалӣ мебошад.
Имрӯз дастаи футболи хурди “FC Pamir” аввалин бозии расмии худро дар мусобиқаи пеш аз мавсимии лигаи футболи хурди шаҳри Вена баргузор мекунад.
Аз рафти бозиҳо маълумоти муфассал дар торнамои Анҷумани Фарҳангии Тоҷикистон ва Утриш ва ҳамзамон, дар саҳифаҳои иҷтимоии марбут ба Анҷумани Фарҳангӣ пахш хоҳад шуд.
Даста на танҳо ҳамчун як дастаи варзишӣ, балки ҳамчун як абзори муҳим барои муаррифии тоҷикон дар Утриш ва ҳамзамон мусоидат ба интегратсия шудани онҳо ба ҳаёти иҷтимоиву фарҳангии мардуми муқимӣ хизмат мекунад. Тавассути иштирок дар мусобиқаҳо, "Помир Душанбе" метавонад муносибатҳои нави иҷтимоиву фарҳангиро бо ҷомеаи Утриш барқарор кунад ва ҳамбастагии байни тоҷикон ва мардуми маҳаллиро таҳким бахшад.
Мо умед дорем, ки бачаҳо бозии хубе нишон медиҳанд ва дар ҳар як лаҳзаи бозиро самаранок истифода бурда, бо рӯҳияи варзишии баланд ба майдон мебароянд. Ба футболбозони ҷавони мо барору муваффақият орзӯ мекунем ва итминон дорем, ки онҳо бо меҳнати худ исбот хоҳанд кард, ки дар сатҳи баланд метавонанд бозӣ кунанд.
Барои дастгирии онҳо, пайгирии ин бозиҳоро дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаромӯш накунед!