
FC PAMIR DUSHANBE МАВСИМИ ИМСОЛАРО ҶАМЪБАСТ НАМУД
07.06.2026
Дастаи футболи хурди Анҷумани фарҳангии Тоҷикистон ва Утриш — FC Pamir Dushanbe мавсими имсоларо ба анҷом расонид.
Ногуфта намонад, ки барои дастаи FC Pamir Dushanbe ин мавсими дуюми фаъолият буд. Новобаста аз мушкилоти рӯзмарра, машғулиятҳои шахсӣ ва маҳдудиятҳои гуногун, даста тавонист бозии хуб, рӯҳияи қавӣ ва пешрафти назаррас нишон диҳад ва барои мавсими оянда таҳкурсии устувор гузорад.
Ҳадафи асосии даста дар мавсими имсола ба танзим даровардани ҳайати бозингарон, ҷалби чеҳраҳои нав ва фароҳам овардани шароит барои рушди ҷавонон буд. Бо хушнудӣ метавон гуфт, ки ин аҳдоф пурра амалӣ гардид ва имрӯз ҳайати даста барои рақобатҳои оянда бештар омода гаштааст.
Қобили зикр аст, ки соли дуюм аст, ки ҳамлагари дастаи мо Сино Абдуллоев пайиҳам дар қатори нишонзанҳои беҳтарини лига қарор мегирад. Имсол ӯ дар 22 бозӣ тавонист 40 гол ба самар расонад натиҷае, ки на танҳо маҳорати инфиродӣ, балки меҳнати ҳамдастаҳо ва якдигарфаҳмии онҳоро нишон медиҳад.
Роҳбарият ва ҳайати Анҷумани фарҳангии Тоҷикистон ва Утриш ба ҳамаи бозингарон, мураббиён ва мухлисони даста барои заҳмат, масъулият ва бозии нишондодаашон изҳори сипос менамояд!
Мо итминон дорем, ки таҷрибаи мавсими имсола барои FC Pamir Dushanbe оғози марҳилаи нави рушд хоҳад буд ва дар мавсими оянда даста бо нерӯи бештар, ҳадафҳои бузургтар ва аҳдофи боз ҳам беҳтар ба майдон мебарояд.
Ба аҳли даста дар давраи таътил истироҳати хуб, саломатӣ ва омодагии хуб барои мавсими нав таманно мекунем.
Ба пеш, FC Pamir Dushanbe!