DushanbeGrandSlam2026.2

ФИНАЛИ ТОҶИКӢ-УТРИШӢ ДАР ТОСКУЛОҲИ БУЗУРГИ ҶУДО ДАР ДУШАНБЕ

02.05.2026

Дар доираи мусобиқаи байналмилалии Dushanbe Grand Slam 2026, ки дар пойтахти Тоҷикистон — Душанбе баргузор гардид, яке аз рақобатҳои ҷолибтарин ва хотирмон финали вазни 81кг, байни ду варзишгари сатҳи ҷаҳонӣ буд. Яке намояндаи Тоҷикистон Сомон Маҳмадбеков ва дигаре намояндаи кишвари Утриш Бернд Фашинг.

Барои аъзои Анҷумани фарҳангии Тоҷикистон ва Утриш ин қувваозмоӣ аҳамият дучанд дошт. Мо ҳам ба Сомон мухлисӣ мекардем ва ҳам ба Бернд, зеро ҳарду варзишгар кишварҳоеро намояндагӣ мекунанд, ки барои мо ҳарду ватананд. Пеш аз оғози финал мо таъкид карда будем, ки ин рақобат барои мо ғолибу мағлуб надорад. Ва воқеан ҳам, ин набард пеш аз ҳама ҷашни варзиш, дӯстӣ ва эҳтироми мутақобил буд.

Мо аз самими қалб ҳарду варзишгарро барои ба даст овардани нишонҳои рангин табрик мегӯем ва ба онҳо дар оянда пирӯзиҳои боз ҳам бештар таманно дорем!

Бояд махсус зикр кард, ки шаҳри Душанбе барои ҷудокорони Утриш макони бобарор ба ҳисоб меравад. Масалан, 2-юми октябри соли 2024 ҷудокорбонуи ҷавони утришӣ Елена Денгг маҳз дар Душанбе қаҳрамони ҷаҳон дар байни наврасон гардид. Ҳамчунин, дар мусобиқаи имсолаи Тоскулоҳи Бузург, Михаэла Поллерес соҳиби нишони нуқра ва Любяна Пиовесана соҳиби нишони биринҷӣ шудаанд, ки боиси ифтихор ва шодмонии мост. Мо ин ду ҷудокорбонуро низ самимона бо ин дастоварди бузург, табрик мегӯем!

Мо, тоҷикони муқими Утриш, ҳамеша баромади варзишгарони утриширо бо таваҷҷуҳ пайгирӣ мекунем ва аз дастовардҳои онҳо бо эҳсоси гарму самимӣ шод мегардем. Варзиш пайвандгари дилҳо ва фарҳангҳост ва чунин лаҳзаҳо ин ҳақиқатро боз ҳам равшантар месозанд.

Мо ба ҳама варзишгарони ду кишвари барои мо азиз ҳамеша муваффақият орзӯмандем!