ФИРДАВСӢ - ПАЙОМБАРИ СУХАН
Ҳар миллате, ки барои бақои фарҳанг ва ҳувияти худ мубориза бурдааст,
дар домани таърих шахсиятҳоеро парваридааст, ки ба рамзи нуру умед табдил гаштаанд. Барои мо, тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон, чунин шахсияти барҷаста Абулқосим Фирдавсӣ аст. Абармарде, ки бо сухани оташин ва хирадмандонааш «Шоҳнома»-ро офарид ва бо ин асари безавол миллати худро аз гӯшаи фаромӯшӣ ба дунёи абадӣ роҳнамоӣ кард.
Фирдавсӣ соли 934 дар деҳаи Божи устони Тус ба дунё омад. Аз овони ҷавонӣ ба илму дониш рӯй оварда, забонҳои арабӣ ва паҳлавиро хуб омӯхт, дар варзиш ва санъати разм низ номвар буд. Вале бузургтарин майдони паҳлавонии ӯ на майдони шамшер, балки ҷаҳони сухану адаб буд.
Бо дили пур аз дарду муҳаббат нисбат ба гузаштаи миллати худ, дар синни 41-солагӣ қалами таърихнависиро ба даст гирифт ва таълифи «Шоҳнома»-ро оғоз кард. Асаре, ки бо 60 000 байти олиёна ва рӯҳбаланд афсона, таърих, ахлоқ ва фарҳанги як тамаддунро дар худ ҷо додааст.
«Басе ранҷ бурдам дар ин сол сӣ,
Аҷам зинда кардам бад-ин порсӣ»,
- мегӯяд худи Фирдавсӣ. Ва дар ҳақиқат, ӯ на танҳо таърихи шоҳони гузашта, балки руҳу ҳастии як халқро зинда кард.
Ба гуфти худаш, ӯ мехост “кохе баланд аз назм” бунёд кунад, ки “аз боду борон наёбад газанд.” Ва ин кох то имрӯз пойдор мондааст: на замон, на табаддулот ва на забонҳои дигар натавонистанд шуҳрати ин асарро кам кунанд. Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» на фақат аз подшоҳон ва паҳлавонон мегӯяд, балки ахлоқи неку, башардӯстӣ, ватанпарварӣ, хирадмандӣ ва адолатро мадҳ мекунад. Дар баробари ин, золимону хиёнаткорон, дурӯғгӯёну зулмпарваронро сахт маҳкум менамояд.
Шоир дар соли 1005, баъд аз се даҳсола меҳнати пайваста, асарашро ба анҷом расонд ва то охири умр дар Тус монд. Вай тобистони соли 1020 даргузашт, вале ба сухани худ вафо кард:
«Намирам аз ин пас, ки ман зиндаам,
Ки тухми суханро парокандаам.»
Фирдавсӣ воқеан намурдааст. Ӯ бо ҳар байти «Шоҳнома», дар қалби дӯстдорони фарҳанг, дар ҳар гӯшае, ки порсӣ сухан гуфта мешавад, зинда аст.
“Шоҳнома” ду маротиба дар нӯҳ ҷилд нашр гардидааст, ва нависандагони маъруф чун Сотим Улуғзода онро ба наср гардонидаанд, то барои хонандагони ҷавон низ дастрас бошад.
Имрӯз, дар “Рӯзи бузургдошти Фирдавсӣ”, мо на танҳо аз шоири бузург ёд мекунем, балки аз рисолати ӯ барои ҳифзи асолати фарҳангӣ, эҳёи худшиносии миллӣ ва таълифи адабиёти бузург бо забони модарӣ, ёд мекунем.
Рӯзи гиромидошти Фирдавсӣ фархунда бод!