ИДИ САИДИ ҚУРБОН МУБОРАК!
Анҷумани фарҳангии Тоҷикистон ҳамаи ҳамватанони арҷманди муқими Утриш
ва кишварҳои дигари Аврупо, ҳамчунин тамоми миллати тоҷик ва дӯстон ва бародарони мусалмони мо дар саросари дунёро ба муносибати Иди Саиди Қурбон, яке аз идҳои муқаддас ва пурбаракати дини мубини Ислом, самимона шодбош мегӯяд.
Аз даргоҳи Парвардигорид меҳрубон таманно дорем, ки ин рӯзҳои мубораку пурфайзу пурбаракат бароятон сулҳ, ваҳдат, ҳамдилӣ, меҳру шафқат ва муҳаббат биёрад. Худованд ибодатҳо, қурбониҳо ва дуоҳои шуморо ба даргоҳи худ пазируфта гардонад.
ДАЪВАТНОМА
Бо кумак ва дастгирии бародарони мукими шахри Вена, мо дар ин рузи ид барои тоҷикони муқими Утриш ва меҳмонони он дастархони идона омода сохтааст ва бо камоли эҳтироми ҳамагиро рӯзи 6.06.2025 аз соати 9:00 то 19:00 ба ин суфраи идона дават мекунад.
Макон:
Flachgasse 22, 1150 Wien
Иди Қурбон муборак бошад!
Анҷумани фарҳангии Тоҷикистон ва Утриш. 05.06.2025