
ИДИ САЙИДИ ФИТР МУБОРАК!
19.03.2026
Муҳтарам ҳамватанони гиромӣ!
Анҷумани фарҳангии Тоҷикистон ва Утриш фарорасии Иди саиди Фитрро ба ҳамаи Шумо самимона табрик ва таҳният мегӯяд.
Иди Фитр рамзи покӣ, бахшоиш, ҳамдигарфаҳмӣ ва меҳр мебошад. Бигзор ин рӯзи муборак ба хонадони ҳар яки Шумо сулҳу осоиш, баракат, тандурустӣ ва хушбахтӣ оварад. Орзуманди онем, ки амалҳои нек, тоату ибодат ва дуоҳои ҳамаи Шумо дар ин моҳи шарифи Рамазон қабул гардида, қалбҳоятон ҳамеша пур аз нур ва умед бошанд.
Бигзор ваҳдату ҳамдилии мо боз ҳам қавитар гардида, анъанаҳои неки фарҳангии мо дар фазои дӯстӣ ва эҳтироми мутақобил рушд ёбанд.
Бо эҳтиром,
Анҷумани фарҳангии Тоҷикистон ва Утриш