ÖTK.banner.1

ИМРӮЗ АНҶУМАНИ ФАРҲАНГИИ ТОҶИКИСТОН ВА УТРИШ 2-СОЛА ШУД

15.05.2026

Дар ин ду соли фаъолият Анҷуман роҳи пурмашаққат, вале пурбореро тай намуд. Фаъолияти Анҷуман аз таъсиси як дастаи хурди футбол оғоз гардид, ки имрӯз он низ ду солагии худро ҷашн мегирад - дастаи футболи «Помир Душанбе». Ин даста соли дуюм аст, ки дар лигаи чоруми футболи хурди шаҳри Вена ҳунарнамоӣ мекунад.

Ҳарчанд ҳайати даста асосан аз тоҷикони муқими Утриш иборат аст, дар он ҳамчунин намояндагони миллатҳои утришӣ, афғонистонӣ, русиягӣ, укроинӣ, нигериягӣ ва курдӣ бозӣ мекунанд, ки ин худ намунаи ҳамгироӣ ва дӯстии миллатҳои гуногун дар Утриш мебошад.

 Fc_pamir.2026

Илова бар ин, дастаи дуюми мо «Tajik Boys», дар лигаи Socca-и шаҳри Вена ҳунарнамоӣ намуда, аллакай мавсими аввалини худро бо натиҷаҳои назаррас паси сар мекунад.

Tajik_boys.2

 

Ҳарчанд мо корро аз чорабиниҳои варзишӣ оғоз карда бошем ҳам, муаррифии фарҳанг ва ҳуввияти миллӣ меҳвари барномаҳои мо буданд. 

Мо аллакай 14-уми сентябри соли 2024, пас аз ҳамагӣ 4 моҳи корӣ, яке аз аввалин иқдомҳои бузурги худро амалӣ намуда, дар шаҳри Вена шоми бошукӯҳи фарҳангӣ ва ҳунарии тоҷикиро баргузор кардем.

Дар ин шоми фарҳангӣ ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Сироҷиддин Ҷӯраев, раққосаи ансамбли машҳури «Зебо» Мадина Сабирова ва ҳунарманди ҷавон Равшанбек Ҷӯраев иштирок намуданд.

Барнома бо ҳузури намояндагони дипломатӣ, фаъолони фарҳангии чанд кишвар ва дӯстону ҳамзабонони тоҷик аз Эрону Афғонистон рангу таровати бештар гирифт.

 Sirojiddin_and_madina

Анҷуман ҳамчунин дар баргузории маҳфили адабие, ки бо ибтикори маҷаллаи Diplomatic SOCIETY баргузор гардид, фаъолона ширкат варзид. Дар ин маҳфил намояндагони чор кишвари ҳавзаи фарҳангии Наврӯз иштирок намуданд.

 Sirojiddin.juraev.wien.2

Бо талошу дастгирии аъзои фаъол, Анҷуман соҳиби маркази барҳаво ва замонавӣ барои баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ, адабӣ ва омӯзишӣ гардид.

 ÖTK.büro

Маҳз бо баракати доштани чунин марказ, мо тавонистем даҳҳо чорабиниҳои фарҳангӣ ва омӯзиширо баргузор намоем.

 

Шоми 15-уми ноябр дар маркази фарҳангии тоҷикони Утриш дар шаҳри Вена маҳфили гарми фарҳангӣ баргузор гардид, ки ҷавонони навозандаи афғонистонӣ бо ҳузури худ ба он таровати тоза бахшиданд.

Дар ин маҳфил тоҷикон, афғонистониҳои муқими Утриш, меҳмонон аз Ҷумҳурии Чех ва шаҳрвандони утришӣ иштирок намуда, аз савту навоҳои мардумии кишварҳои ҳамзабон баҳра бурданд.

 

Shomifarhangi_bo_javononi_afgonistoni

Анҷуман бо таваҷҷуҳ ба тарбияи насли наврас аз 29-уми ноябри соли 2025 дар Маркази тоҷикони Утриш давраҳои фарҳангӣ, омӯзишӣ ва тарбиявиро барои кӯдакон ва наврасони аз 6 то 15-сола роҳандозӣ намуд.

Самтҳои асосии ин барнома:

  1. Омӯзиши забони модарӣ
  2. Тарбия дар рӯҳияи миллӣ ва суннатӣ
  3. Ошноӣ бо одоб ва урфу одатҳои миллӣ
  4. Кашфи истеъдодҳо
  5. Тақвияти иртибот байни наврасон

Davrahoi_omuzishi01

Инчунин бо даъвати хореографи касбӣ Светлана Симонова курсҳои рақси тоҷикӣ барои духтарони то 15-сола ташкил гардиданд.

 Kursi_Raqsi_tojiki_1

Анҷуман шаби 21-уми декабри соли 2025 ҷашни шаби Ялдоро бо иштироки густурдаи ҳамзабонон аз Эрон, Афғонистон ва Узбакистон баргузор намуд. 

 

Yalda.2025


Ҳамчунин ба ифтихори гиромидошти абарустод Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ, санаи 31-уми январ маҳфили адабӣ ва озмуни шеърхонӣ байни кӯдакон ва наврасон баргузор карда шуд.

Наврасон порчаҳое аз ашъори Рӯдакиро қироат намуданд. Ба ҳамаи иштирокчиён туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.

 Jashni_rudaki.1

Сипас, моҳи шарифи Рамазон қариб ҳамарӯза дар дафтари Анҷуман маҳфилҳои дастаҷамъӣ баргузор гашта, ба ин моҳи муборак ҳусни тоза зам карданд.

 Ramadan.2026.1

21-уми марти соли 2026 Анҷуман якҷо бо ниҳодҳои фарҳангии Афғонистон ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо шукуҳу шаҳомати хоса баргузор намуд.

 Navruz.2026.1

Ҳамчунин 10-уми апрели соли 2026 маҳфили суннатии суманакпазӣ бо иштироки бонувони тоҷик баргузор гардида, суннати қадимаи суманакпазӣ дар шаҳри Вена поягузорӣ карда шуд.

 Sumanak.26.1

Имсол барои аввалин бор дар таърих Анҷуман дар ҷашни байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Братиславаи Словакия, ки бо ибтикори ниҳодҳои фарҳангии Қазоқистон баргузор гардид, иштироки густурда намуд.

Ҳузури намояндагони Анҷуман аз ҷониби меҳмонон ва иштирокчиён хеле хуш пазируфта шуд.

 Navruzi_bratislava.1

Маҳфили «Мероси адабӣ ва фарҳангии Сомониён»

Санаи 1-уми майи соли 2026 Анҷуман бонуи посдори фарҳанги миллӣ Муниса Мурсалзодаро ба Вена даъват намуда, маҳфили фарҳангии «Мероси адабӣ ва фарҳангии Сомониён»-ро баргузор кард.

Маҳфил дар сатҳи баланд баргузор гардида, аз ҷониби сокинон ва меҳмонони Утриш самимона истиқбол ёфт.

 Munisa_morsalzada.1

Бо вуҷуди дастовардҳои назаррас, Анҷуман дар роҳи рушди худ бо баъзан мушкилот, аз ҷумла маҳдудияти захираҳо ва имконот рубарӯ мешавад, аммо ҳамеша дар талош аст. Бо иродаи қавӣ ва кумаку дастгинии аъзоён ва дӯстдорони фарҳанг, фаъолияти Анҷуман рӯз ба рӯз густариш меёбад.

Ду соли фаъолияти Анҷумани фарҳангии Тоҷикистон ва Утриш нишон дод, ки бо муҳаббат ба фарҳанг ва бо азму талоши муштарак метавон корҳои бузургро анҷом дод.

Бо умеди он ки дар солҳои оянда Анҷуман бо дастовардҳои нав ва барномаҳои боз ҳам ҷолибтар саҳми бештаре дар муаррифии фарҳанги тоҷик дар арсаи байналмилалӣ хоҳад гузошт, мо талошҳои худро идома хоҳем дод.

Аз фурсат истифода бурда, ба кулли нафароне, ки дар корҳои иҷтимоъӣ ва фарҳангӣ саҳмгузор буданд изҳори сипос мекунем! 

Барои маълумоти бештар ва пайгирии чорабиниҳои оянда метавонед ба сомонаи расмии Анҷуман www.oetk.org муроҷиат намоед.