Nationalratswahl.001
Интихоботи парлумонӣ дар Утриш

Имрӯз дар Утриш рӯзи интихоботи порлумонӣ аст, ки барои ҳукумат ва мардуми кишвар аз муҳимтарин руйдодҳои сиёсӣ ба ҳисоб меравад.

Бо дарназардошти нақши калидии порлумон дар низоми сиёсии Утриш ин интихобот муҳимтарин воситаи ибрози назар барои мардуми кишвар дар пешбурди сиёсати он аст. Интихоботи имсолаи порлумонӣ нисбат ба солҳои гузашта аз ҷиҳати фазои сиёсии дохилӣ ва берунӣ фарқкунанда мебошад. Вазъи мураккаби сиёсии ҷаҳон, ки пас аз Ҷанги Дуюми Ҷаҳон ба чунин сатҳи нигаронкунанда нарасида буд, ба ин маъракаи интихоботӣ ва дар умум ба ояндаи кишвар таъсири амиқ хоҳад гузошт.

Мо, тоҷикони муқими Австрия, низ ба ин интихобот диққати хоса медиҳем, зеро мо низ ҷузъи ин ҷомеаи ин кишвар ҳастем. Интихоботи имсола барои ҳамаи мо муҳим аст, зеро дар натиҷаи он роҳбарони ояндаи кишвар, ки бар зиндагии ҳар фарди ҷомеа таъсир мегузоранд, интихоб хоҳанд шуд. Бо боварии том гуфта метавонем, ки ҳар ҳизбе, ки сари қудрат биёяд, арзишҳои анъанавии демократиро, ки аз принсипҳои аслии кишвардории Ҷумҳурии Федералии Утриш мебошад, рӯи даст хоҳад гирифт ва барои беҳбудии зиндагии мардум кӯшиш ба харҷ хоҳад дод.

Мо умедворем, ки ин интихобот мисли ҳамеша бо адолат, шаффофият ва эҳтиром ба арзишҳои демократӣ баргузор мешавад ва барои мардуми Утриш, аз ҷумла тоҷикони муқими ин кишвар, ояндаи нек ва сулҳу суботро таъмин мекунад.

Анҷумани фарҳангии Тоҷикистон ва Утриш ба ҳамаи ҳизбҳои сиёсӣ ва иштирокдорони ин маъракаи муҳими сиёсӣ комёбиҳо ва муваффақият таманно мекунад.

(Bild: Vienna.at)