
ИЗҲОРОТИ
Анҷумани фарҳангии Тоҷикистон ва Утриш
19.12.2025, Вена
Анҷумани фарҳангии Тоҷикистон ва Утриш қатли ваҳшиёнаи кӯдаки маъсуми 10-солаи тоҷикро, ки дар яке аз мактабҳои шаҳри Одинсовои Федератсияи Русия рух додааст, бо шиддат маҳкум мекунад.
Анҷуман аз афзоиши нигаронкунандаи қавмгароӣ, нафратпароканӣ ва хушунати нажодпарастона дар ҷомеаи шаҳрвандии кишвари Русия изҳори ташвиши амиқ менамояд ва аз мақомоти марбутаи Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон қотеъона талаб менамояд, ки барои ҳифзи ҷон ва саломатии муҳоҷирини меҳнатии тоҷик тамоми чораҳои ҳуқуқӣ, амниятӣ ва сиёсиро рӯйи кор бигиранд, то пеши роҳи чунин фоҷиаҳои мудҳиш гирифта шавад.
Ҳамзамон, Анҷумани фарҳангии Тоҷикистон ва Утриш ба ҳамаи муҳоҷирини меҳнатии тоҷик дар Русия муроҷиат менамояд, ки ба хотири ҳифзи ҷони худ ва фарзандони худ ва ояндаи сазовор барои худу фарзандон ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ, бахусус забони англисӣ ва олмонӣ, рӯ оваранд ва дар пайи ҷустуҷӯи кор дар дигар кишварҳо бошанд, то дигар маҷбур набошанд барои кор ба Русия сафар намоянд.
Анҷуман омода аст барои нафароне, ки забони олмониро дар сатҳи A2 ё B1 медонанд, барои дарёфти ҷойҳои корӣ дар Олмон ва ё Утриш ва ё барои иштирок дар барномаҳои омодасозии касбӣ (Ausbildung) ройгон кумак расонад.
Хоҳишмандон метавонанд бо Анҷуман тавассути рақами зерин дар тамос шаванд:
📞 +43 665 65830000 (WhatsApp ва Telegram)
Анҷумани фарҳангии Тоҷикистон ва Утриш ҳамчунин ба хонаводаи ин тифли маъсуми тоҷик Қобилҷон Алиев, ҳамдардии амиқи худро изҳор менамояд ва ба модари ҷигарсӯхта ва наздикони ӯ сабри ҷамил ва истиқоматро таманно мекунад ва дар наздиктарин фурсат кумаки молие, ки аз тарафи тоҷикони муқими Утриш ҷамъоварӣ гардида аст ба ин модар расонида мешавад.
Анҷумани фарҳангии Тоҷикистон ва Утриш