Muhammadjon.EurupeanOpen.1

ҚАҲРАМОНИИ НАВИ МУҲАММАДҶОН АЗИМОВ

19.09.2026, Вена

Дар мусобиқаи байналмилалии European Cup дар риштаи грэпплинг (Grappling) варзишгари ҷавону умедбахши мо Муҳаммадҷон Азимов маҳорати баланд нишон дода, сазовори мақоми аввал ва медали тилло гардид.

Муҳаммадҷон дар гурӯҳи синну соли 16–17-сола ва дар вазни то 69 кг ҳунарнамоӣ карда, дар рафти мусобиқа иродаи қавӣ ва омодагии ҳамаҷонибаи ҷисмониву техникиро ба намоиш гузошт. Ӯ 4 муҳориба гузаронида, дар ҳамаи онҳо бо пирӯзии комил ғолиб омад. Сифати баланди омодагии ӯ дар он аён шуд, ки ҳамаи 4 рақибашро бо усули таслимкунӣ (Submission) ва пеш аз муҳлат мағлуб сохт.

 

Ин дастоварди шоиста натиҷаи меҳнати пайваста, интизоми баланд ва машқҳои мунтазами варзишгар мебошад.

Анҷумани фарҳангии Тоҷикистон ва Утриш Муҳаммадҷон Азимовро бо ин муваффақияти арзанда самимона муборакбод гуфта, ба ӯ дар мусобиқаҳои ояндаи барору пирӯзиҳои нав ба нав таманно мекунад!