КОНСЕРТИ ОРКЕСТРИ ДАВЛАТИИ СИМФОНИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ВЕНА
17.09.2025
Рӯзи 17 сентябр оркестри давлатии симфонии Тоҷикистон дар толори “Эрбар Зал”-и шаҳри Вена бори аввал ҳунарнамоӣ кард. Ин чорабинӣ дар ҳамкорӣ бо оркестри “Кайзер валс”-и Вена баргузор шуда, ба 34-умин солгарди истиқлоли Тоҷикистон бахшида шуд.
Консерт, ки «Тараннуми дустии байналмиллалӣ» ном дошт ба яке аз рӯйдодҳои муҳими фарҳангии ин шом дар пойтахти Утриш гардид. Дар он намояндагони корпуси дипломатӣ, сиёсатмадорон, олимон, тоҷирон, тоҷикони муқими Утриш ва як гурӯҳи бузурги яҳудиён, ки дар даврони Шӯравӣ дар Тоҷикистону Узбакистон ба сар бурда, баъдан ба Австрия кӯчидаанд, ширкат доштанд.
Қобили зикр аст, ки ҷомеаи яҳудиён дар рушди мусиқии классикӣ ва миллӣ дар Тоҷикистон саҳми арзанда гузоштаанд. Тӯли ҳазорсолаҳо тоҷикон ва яҳудиён дар канори якдигар зиндагии осоишта дошта, фарҳанги ҳамдигарро ғанӣ мегардонанд. Маҳз ба шарофати ин робита аст, ки ҳарчанд дигар даҳсолаҳои зиёд дар Тоҷикистон зиндагӣ намекунанд, ягон ҷашну арӯсияшон бе мусиқии тоҷикӣ намегӯзарад.
Оркестр барномаи бойи мусикии классикӣ ва миллиро ба намоиш гӯзошт, ки ғанӣ будани мероси мусикии тоҷикро инъикос менамуд.
Ҳар як оҳангу сурудро аҳли толор ҳам бо пазироии гарму чушон ва кафкубиҳои пурмавҷ қабул мекарданд.
Созмондиҳандагон изҳори итминон карданд, ки ин консерт анъанаи хуби баргузории чорабиниҳои муштараки фарҳангиро ба вуҷуд оварда, ба таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистону Утриш мусоидат хоҳад кард.