Haftkul001

Кӯлҳои Марғзори Тоҷикистон – Ҳафткӯл: Ганҷи нотакрори табиат дар кӯҳҳои Фон

 

Кӯлҳои Марғзор, маъруф бо номи Ҳафткӯл («Ҳафт кӯл»), як маҷмааи зебои ҳафт кӯли табиист, ки дар кӯҳҳои Фон, воқеъ дар шимолу ғарбии Тоҷикистон ҷойгир шудааст. Ин кӯлҳо бо манзараҳои афсонавӣ, оби мусаффо ва оромии табиат ҳар бинандаро мафтун мекунанд. Ҳар кӯл бо ранги беназири об ва муҳити ороми худ як шоҳасари табиат ба шумор меравад.

Ҳафткӯл дар маҷрои рӯдхонаи Шинг ҷойгир буда, ҳар кӯл дар баландии гуногун қарор дорад. Баландии кӯли аввал — 1640 метр аз сатҳи баҳр, дар ҳоле ки баландии кӯли охирин — 2400 метр мебошад. Ҳар як кӯл бо ранги ғайримуқаррарии обаш, аз сабзи замрудӣ то кабуди осмонӣ, баёнгари табиати нотакрори Тоҷикистон мебошад. Ҳафткӯл на танҳо як мавзеъи саёҳӣ, балки маконе барои истироҳат ва пайвандгари инсон бо табиат аст.

Кӯлҳо ба ин тартиб ҷойгиранд:

1. Мижгон — нахустин кӯли каскад, дар баландии 1640 метр. Оби зебои он ҳар бинандаро ҷалб мекунад ва сафар аз ин ҷо оғоз меёбад. (Акси боло ҳам аз ҳамин кӯли Мижгон аст)

2. Соя — кӯли дуввум, ки бо оби шаффоф ва муҳити ороми худ шӯҳрат дорад (баландии 1701 метр).

3. Ҳӯшёр — кӯле, ки бо кӯҳҳои сабзу зебо иҳота шудааст, дар баландии 1771 метр воқеъ аст.

4. Нофин — яке аз калонтарин кӯлҳои маҷмӯа, ки барои истироҳат бисёр мувофиқ аст (баландии 1820 метр).

5. Хурдак — кӯли нисбатан хурд, вале бо оби шаффофу мусаффояш манзараи атрофро зеб медиҳад (баландии 1870 метр).

6. Марғзор — кӯле, ки тамоми маҷмӯа бо ҳамин ном машҳур аст. Оби он бо ранги кабуди равшанаш шуҳрат пайдо карда аст. (баландии 2140 метр).

7. Ҳазорчашма — баландтарин кӯли маҷмӯа, воқеъ дар баландии 2400 метр, ки манзараҳои нотакрораш бо куҳҳои барфпӯшу сабз иҳота шудааст.

Ҳар кӯли Ҳафткӯл бо афсонаҳо ва ривоятҳои мардумӣ пайванди қавӣ дорад. Мегӯянд, ки ин кӯлҳо рамзи ҳафт зебоии табиатанд ва ҳар яке аз онҳо дар худ як ҷаҳонро тасвир мекунад. Номи «Ҳафткӯл» ба адади ҳафт, ки дар фарҳанги тоҷикон муқаддас аст, иртибот дорад. Мардум ин кӯлҳоро на танҳо ҳамчун манзараҳои зебо, балки ҳамчун ганҷи фарҳангӣ ва табиии Тоҷикистон мешиносанд.

Аз шаҳри Панҷакент то Ҳафткӯл тақрибан 40 км роҳ аст. Сафар ба Ҳафткӯл таҷрибаи фаромӯшношуданӣ аст, ки ҳар лаҳзаи он бо манзараҳои кӯҳҳои сабз, обҳои соф ва дараҳои хушманзара оро дода мешавад. Ҳар як кӯл манзараи аҷиб дошта эҳсоси тозаеро барои бинанда эҷод мекунад.

Чанд усули аз ин мавзеъ дидан мавҷуд аст. Баъзеҳо бо нақлиёт то кӯли аввал мераванд, ки барои аксари сайёҳон дастрас аст. Дӯстдорони саёҳат ва пиёдагардӣ, роҳҳои пиёдаро пеша мекунанд, ки имконияти бештареро барои лаззат бурдан аз табиати атрофро фароҳам меорад.

Масофаи байни кӯлҳо тақрибан 14 км аст, ки барои дӯстдорони табиат як сафари фаромӯшношиданӣ хоҳад гашт.

Бо вуҷуди зебоии нотакрор, таъсири фаъолияти инсонӣ, аз ҷумла коркарди конҳои тилло ва оҳак, метавонад ба муҳити зист зарар расонад. Ҳифзи ин мавзеъ, ки сарчашмаи обҳои мусаффо ва макони ҳайвоноти нодир аст, вазифаи ҳамагон мебошад. Аз ҳар нафаре, ки ба ин макон ташриф меорад, интизор меравад, ки ба табиат эҳтиром гузорад ва ин ганҷи табииро ҳифз намояд. 

Ҳафткӯл ё худ Кӯлҳои Марғзор як ганҷи нотакрори табиат ва дороии Тоҷикистон аст. Ин кӯлҳо бо манзараҳои зебо, оромии табиат тавъам бо меҳмоннавозии мардумаш ҳар бинандаро мафтун месозанд. Ҳар касе, ки ин кӯлҳоро тамошо мекунад, на танҳо аз зебоии табиат баҳра мебарад, балки бо фарҳанг, таърих ва анъанаҳои бойи тоҷикон ошно мешавад. Ҳафткӯл на танҳо як мавзеъи саёҳатӣ, балки макони пайванди инсон бо табиат аст. Биёед, табиатро ҳифз кунем ва ин ганҷи бебаҳоро ба наслҳои оянда мерос гузорем!