Ма́нфред Ма́йрҳофер

эроншинос ва пажӯҳишгари номдори форсии бостон

 

Ма́нфред Ма́йрҳофер - эроншинос ва пажӯҳишгари номдори форсии бостон

Майрҳофер Манфред 26 сентабри 1926 дар шаҳри Линтси кишвари Австрия ба дунё омад. Аз забоншиносони маъруфи аврупоист ва ҳамчун мутахассиси забонҳои ҳиндуаврупоӣ ва ҳиндуэронӣ шуҳрат дорад. Анҷумани таҳқиқоти эроншиносии Фарҳангистони Улуми Австрияро бунён гузошт. Солҳои 1969–73 раёсати Анҷумани байнулмилалии мутолиоти Ҳиндуаврупоӣ дар Австрияро бар уҳда дошт.

***
Майрҳофер таҳсилоти ибтидоиро дар зодгоҳаш гирифт. Соли 1944, дар авҷи Ҷанги ҷаҳонии дуюм, ки машғули таҳсил буд, ба хидмати низомӣ рафт ва як сол баъд дар марзҳои Итолиё ба асорати неруҳои Бритониё даромад. Ҷанги оламсӯзу зиллати асирӣ ӯро ба кунҷи навмедӣ накашид, балки бо муошарату ҳамнишинӣ бо сарбозони Бритониё аз як сӯ ба забони инглисӣ алоқаманд шуд ва аз сӯе ҳам ба умумийяту хешиву ҳамрешагии забонҳо пай бурд. Аз ин рӯ, пас аз поёни ҷанг таҳсилоти худро дар Донишгоҳи шаҳри Гроз (Австрия) оғоз кард. Дар пайи ошноӣ бо осори донишмандони мутахассиси забонҳои ҳиндуаврупоӣ ба мутолиаи ин забонҳо рӯй овард ва дар соли дувум таҳсили худро дар заминаи ҳиндуаврупоӣ дунбол кард. Ошноӣ ва ҳамкорӣ бо Вилҳелм Вранденштейн, мутахассиси забонҳои ҳиндуаврупоӣ, ангезаву иштиёқи ӯро дар ин амр такони ҷиддие дод ва аз соли 1946 зери назари Вранденштейн дар ин ришта ба омӯзиши ҷиддӣ шуруъ кард ва ба ташвиқи ӯ илова бар забоншиносӣ ва мутолиоти ҳиндуаврупоӣ, ба мутолиаи татбиқии забонҳои сомӣ низ пардохт. Пас аз он ки дар соли 1949 рисолаи докторияшро зери унвони «Дар бораи мушкилоти ҳалнашудаи қавонини Бругман» муваффақона дифоъ кард, Майрҳофер аз соли 1951 дар донишгоҳ ба кори омӯзгорӣ аз фанни забонҳои ҳиндуаврупоӣ шуруъ кард. Ҳудуди панҷ сол (аз соли 1953) дар Донишгоҳи Вутрсбурги Олмон, ҳамчун профессор аз забоншиносии татбиқӣ дарс дод. Аз соли 1962 дар Донишгоҳи Саарланди шаҳри Саарбуркени Олмон забоншиносии татбиқии ҳиндуаврупоӣ ва ҳиндуэронӣ тадрис кард ва дар соли 1966 курси устодии забоншиносии умумӣ ва забонҳои ҳиндуаврупоии Донишгоҳи Вена ба ӯ вогузор шуд. То даврони бознишастагӣ дар ин донишгоҳ муаллим буд ва ба эҳтимоми ӯву Роберт Губл, ин донишгоҳ маркази мутолиоти эронии пеш аз ислом шуд.
Доктор Майрҳофер дар соли 1968 ба узвияти Фарҳангистони улуми Австрия даромад ва дар соли 1969 ба кӯшиши ӯ дар ин академия анҷумане барои истихроҷи номҳои эронӣ ташкил шуд. Ҳадафи Майрҳофер чопу интишори номҳои куҳани эронӣ аз манбаъҳои эломӣ, оромӣ, акадӣ, суғдӣ, хоразмӣ, портӣ, кушонӣ ва низ номҳои мавҷуд дар катибаҳои Дориюшу Хашоёршоҳ буд. Аммо густариши фаъъолийятҳои эроншиносии ин Анҷуман Фарҳангистони улуми Австрияро бар он дошт, ки «Муассисаи мутолиоти эронӣ»-ро ба раёсати Берт Фрагнер таъсис кунад. Майрҳофер солҳои 1970–82 дабири бахши фалсафа ва таърихи ин АИ мансуб шуд. Ӯ солҳои 1970– 73 дабири ин Анҷуман буд.

***
Муҳммтарин асари адабии Майрҳофер «Баррасии решашинохтии вожагони санскрит» аст, ки ӯ онро дар 25-солагӣ таълиф кард. Майрҳофер бар он буд, ки бо таваҷҷуҳ ба сайри таърихии овоҳо, фарҳанги мухтасаре дар як ҷилд, шабеҳи он чӣ Христиан Уленбек дар солҳои 1898–99 ба дасти таълиф дода буд, бинависад. Вале дар тули сӣ соли кор бардоштҳо ва назариётҳои ӯ тағйири бисёр кард ва китоб дар соли 1980 дар чаҳор ҷилд, бо унвони «Фарҳанги мухтасари решашинохтии вожагони санскрит» ба поён расид. Дар ин китоб нуфузи вожагони ҳиндӣ дар забонҳои ҳиндуаврупоию сомӣ ва низ забонҳои ҷадиди аврупоӣ нишон дода шудааст. Аз соли 1986 Майрҳофер шуруъ ба вироиш ва эъмоли ислоҳоте дар бахшҳои нахусти китоб кард ва дар соли 2000 ин китоб бо унвони «Фарҳанги решашинохтии вожагони ҳиндуаврупоии бостон» дар се ҷилд ба сурати ҷузва (монография) ба чоп расид. Намоя (ферист)-и вожагони ин фарҳанг низ дар ҷилди сеюм бар асоси тақсимбандии забонӣ омадааст.
Аз Майрҳофер беш аз бист китоб ва сад мақола ва ҳамкорӣ дар таълифи ҷашнномаҳо, донишномаҳо ва маҷаллот ба чоп расидааст, ки аз он ҷумлаанд: 1. «Дастномаи Полӣ» (ду ҷилд, 1951), 2. «Ёддоште бар шавоҳиди номҳои эронии бостон», «Мутолиоте дар бораи катибаи Сурх-Кутал», «Дастномаи форсии бостон» (1964), «Ҳиндуориёиҳо дар Ховари Миёнаи Куҳан» (1966), «Забони ҳетӣ ва ҳиндуаврупоӣ», «Тақвими ҳиндуаврупоӣ», 8. «Бозсозии забони модӣ», 9. «Мутолиоте дар бораи илми забону фарҳанг» (1968), «Маъное дигар аз номи Зардушт дар навиштаҳои Нича», 11. «Вожаҳои форсии бостон дар катибаи навёфтаи эломӣ», 12. «Ориёиҳо дар Ховари Наздик, устура ё воқеъият?» (1974; 2012 дар Теҳрон ба форсӣ нашр шуд), 13. «Дастури забони санскрит ҳамроҳ бо тавзеҳоти татбиқии забонӣ» (1978), 14. «Номҳои эронии бостон» (1979); бахши аввали ин китоб марбут ба вожагони авестоӣ ва бахши дувуми он дарбардорандаи вожагони форсии бостон аст. «Фарзийёте дар бораи хостгоҳи хатти мехии форсии бостон», «Овошиносӣ ва решашиносӣ» (1980), «Санскрит ва забоҳои куҳани аврупоӣ» (1982), «Дастури забони ҳиндуаврупоӣ» (ду ҷилд, 1986), «Дар бораи забон ва зиндагии сакоҳо» (2006).

***
Заҳамоти хастанопазир дар ҷоддаи омӯзишу пажӯҳиши марбут ба забонҳои ҳиндуаврупоию забонҳои эронӣ дар умдатарин гӯшаҳои ховаршиносии ҷаҳон мавриди таваҷҷуҳи аҳли назар гардид ва ин ин кору пайкори таърихии донишманди австрягӣ мояи ифтихору шуҳрати воқеии ин донишманд гаштааст. Муҳиммтарин ифтихороти илмии Майрҳофер иборат аст аз: дарёфти доктории ифтихорӣ аз Донишгоҳи Иллинойси Амрико, Ҷоизаи Гиршман аз Фарҳангистони катибаҳо ва улуми адабии Фаронса ба поси таълифи китоби «Номҳои хосси Тахти Ҷамшед» (1975), Ҷоизаи АИ Австрия (1982), Медали улум ва ҳунари Австрия (2000), ва ҷоизаи Кардинал Иннитзер (2004) ва низ медоли тилоии ифтихори шаҳри Вена аст. Ӯ ҳамчунин узви Фарҳангистони Улуми Австрия (1968), ҳамчунин узви АИ Саксония (1971), АИ Бовария (1977), узви Анҷумани фалсафаи Амрико (1992), узви Академияи ҳунар ва улуми Амрико (1993), узви Академии Бритониё (2001), узви АИ Готенген, узви АИ Ҳойделберг, узви АИ Маҷористон, узви АИ Гурҷистон ва узви АИ Русия буд. Майрҳофер 31 октабри соли 2011 ҷааҳонро падруд гуфт. Ҳамкори ӯ, Рудигер Шмидт, зиндагӣ ва китобшиносии комили осори ӯро як сол пас аз даргузашташ мунташир кард. Фарҳангистони Улуми Австрия ва Анҷумани забоншиносии Вена низ дар моҳи майи 2012, ба поси заҳамоти ӯ ҳамоише бо унвони «Забоншиносӣ ва номшиносии эронӣ ва ҳиндуаврупоӣ» баргузор кард.

2.05. 2024; ш. Душанбе.
Обидҷон Шакурзода