HammerHafezGoethe.1

ҲОФИЗ ВА ИРТИБОТИ АДАБИИ ФОРСИВУ ОЛМОНӢ

Дар ин рӯз, ки рӯзи гиромидошти мутафаккир ва адиби оламшумул Ҳофизи Шерозӣ аст, шоиста аст, ки аз роҳи вуруд ва таввасути кӣ вуруд шудани ашъори ӯ ба адабиёти олмонизабон ва таъсири иртибот бар адабиёти Ғарб ёдовар шавем.

 Шеъри Ҳофизи Шерозӣ дар тули қарнҳо натанҳо дар олами форсигӯён, балки дар ҷаҳони андеша ва адабии ғарб қадами жарфе бар ҷой гузошта аст. Дар миёни адабиёти Урупо, олмониҳо бештар аз ҳама бо Ҳофиз иртиботи илмӣ ва адабӣ доштаанд, пайванде, ки аз саддаи ҳаждаҳум бо тарҷумаҳои Йозеф фон Ҳаммер-Пургшталл оғоз шуд ва бо Гёте дар “Девони Ғарбӣ - Шарқӣ” (West-östlicher Divan) ба авҷ расид.

Ногӯфта намонад, ки Йозеф фон Ҳаммер-Пургшталл (Josef von Hammer-Purgstall)  (09.06.1774 - 23.11.1856), дар шаҳри Гратси Утриш таввалуд шуда дар Вена вафот кардааст. Ӯ яке аз бузургтарин шарқшиносони ғарб ба шумор меравад, ки олами адабии олмонӣ ӯро барҷастатарин мутахассиси соҳаи худ медонад. 

Фон Ҳаммер-Пургшталл поягӯзор ва аввалин президенти Академисюни илмҳои Утриш, узви масъули Академисюнҳои Санкт-Петербург ва Порис буд. 

Ӯ аввалин тарҷумони осори бисёре аз адибони Шарқ, аз ҷумла Ҳофизи Шерозӣ, Низомӣ, Фузулӣ, Ибни Фарид, Ал-Мутанаббӣ, Унсурӣ, Боқӣ ва Ибни Ваҳшия ба забонҳои аврупоӣ буд. Тарҷумаи девони лисонулғайб Ҳофизи Шерозии ӯ ба эҷодиёти Гёте ва "Девони Ғарбу Шарқ"-и ӯ, ки яке аз бузургтарин осори адабиёти олмонист, таъсири бузург расондааст. Гёте Ҳофизро «бародари рӯҳонӣ» мехонд ва рӯҳи озод, ирфонӣ ва ишқро дар ашъори ӯ намунаи комили инсони комил медонад.

Ва ин иртиботе, ки ашъори Ҳофиз таввасути фон Ҳаммер-Пургшталл ва баъдан Гёте ба адабиёти олмонӣ пайдо кард танҳо як иртиботи адабӣ набуда, балки гӯфтугӯе миёни ду фарҳанги ҷаҳоншумул гашт. Иртиботе, ки дар он шарқу ғарб, ирфону хирад ва ишқу ақл дар ойинаи шеъри Ҳофиз бозтоб ёфтаанд. 

Баъдан, шоирони дигар, монанди Фридрих Рюкерт, Ҳайнрих Ҳайне ва ҳатто файласуфоне чун Нитше, аз ашъори Ҳофиз илҳом гирифтанд. Ин таъсир танҳо дар шакл ё мавзӯъ набуд, балки дар фалсафаи зиндагӣ, дар муносибат бо зебоӣ ва озодӣ низ таҷассум ёфтааст.

Имрӯз пажӯҳишгарони зиёде дар Олмон ва Эрон нақши Ҳофиз дар гушудани уфуқҳои фикрӣ дар адабиёти ғарбро меомӯзанд. Муҳаққиқоне чун Аннемари Шиммел (Annemarie Schimmel) ва Йоханн Кристоф Бюргел (Johann Christoph Bürgel) дар асарҳои худ таъсири Ҳофизро дар ҷаҳонибинии адабиёти олмон амиқан ба таҳлил кашидаанд.

Хулоса, аз он замон то имрӯз, рӯҳи шеъри Ҳофиз дар миёни мутафакирон, адибон ва пажуҳишгаронӣ олмонизабон зинда мондааст ва ӯ ҳамчун пули васли тамадуни шарқ дар адабиёти олмонизабон мақоми вижа дорад.