
ОЗАР ЮСУФОВ: МЕРОСИ ФАРҲАНГИИ СОМОНИЁН
Суханронии Озар Юсуфов дар Анҷумани фарҳангии Тоҷикистон ва Утриш, шаҳри Вена
01.05.2026
Муҳтарам хонумҳо ва ҷанобон,
меҳмонони гиромӣ, дӯстони азиз!
Пеш аз ҳама, мехоҳам аз самими дил ба ҳамаи шумо изҳори сипос намоям! Хеле хушҳолам, ки имрӯз дар ин ҷо ҳузур доред. Ташаккур барои ташрифатон, ки барои мо воқеан боиси фараҳмандист.
Сипоси вижа ба бону Муниса Морсалзода, ки вақт ҷудо карданд ва аз Олмон ба назди мо ташриф оварданд.
Имрӯз эшон фарҳанги моро ба шакли бисёр зебо ба ҷаҳониён муаррифӣ мекунанд! Бо ҳар роҳе, ки мехоҳанд. Гоҳо тавассути либосҳои миллӣ, гоҳо тавссути мусиқӣ ва рақсу суруд, гоҳо суханрониҳои гарму пурмуҳтаво ва фаъолиятҳои дигари фарҳангиашон.
Он чизе, ки махсусан таъсирбахш аст, ин аст, ки инсон эҳсос мекунад, ки ӯ ин ҳамаро бо шавқу рпғбати хос, бо масъулият ва аз рӯйи муҳаббат анҷом медиҳанд.
Мешавад дид ва эҳсос кард, ки воқеан ба қалби эшон мисли фарҳанги мо саршор аз ҳунар, шеър, сухан ва ишқ аст.
Хеле хушоянд аст, ки мебинем бо ин қадар ишқу садоқат фарҳанги моро зинда нигоҳ медоранд ва ба дигарон мерасонанд!
Мо аз самими қалб ба эшон сипосгузорем, ки чунин фаъолона барои муаррифии фарҳанги мо талош мекунанд!
Вазифаи муштараки инсонии мо ин аст, ки миёни мардумон ва фарҳангҳо пулҳои дӯстӣ ва ҳамзистӣ бунёд кунем.
Мо метавонем нишон диҳем, ки зиндагии осоишта ва ҳамзистии сулҳомез имконпазир аст, агар ба ҳамдигар бо эҳтиром муносибат кунем, якдигарро бишнавем ва аз ҳамдигар омӯзем.
Ҳамзамон мехоҳам ёдовар шавам, ки мо, ҳатто дур аз Ватан, бояд нисбат ба кишваре, ки имрӯз дар он зиндагӣ мекунем, яъне Утриш ва Аврупо, бо эҳтиром ва садоқат муносибат намоем. Зеро фарҳанг танҳо маънои аслу насабро надорад, балки маънои ҳамзистиро низ дорад.
Таърихи мо, бузургмардони мо ва донишмандони мо ҳамеша ба мо инсондӯстӣ, талаби дониш ва таҳаммулпазириро омӯзонидаанд.
Онҳо барои замони худ намуна буданд ва имрӯз низ метавонанд барои мо намуна бошанд.
Имрӯз бону Мурсалзода ҳамчунин моро бо мероси фарҳангии Сомониён ошно карданд ва ба мо дар бораи ин давраи муҳими таърихӣ маълумоти арзишманд доданд.
Пас аз забти Осиёи Марказӣ аз ҷониби ҳокимони араб дар асрҳои VII ва VIII, ин минтақа муддати тӯлонӣ таҳти таъсири нерӯҳои бегона қарор дошт.
Баъд аз тақрибан дусад соли вобастагӣ, Сомониён тавонистанд давлати пурқудрат ва мустақилеро поягӯзори кунанд, ки дар ташаккул ва поянлагии фарҳанги порсӣ таъсири хеле амиқ гузоштааст.
Сомониён яке аз аввалин давлатҳои бузурги мустақил дар ин марзу бум ба шумор мераванд ва оғози муҳими ташаккули давлатдории аввали тоҷикон маҳсуб мешаванд.
Онҳо истиқлолияти минтақаро тақвият бахшида, махсусан фарҳанг, маориф ва илмро рушд доданд.
Пойтахти Сомониён шаҳри Бухоро буд.тИн шаҳр ба яке аз муҳимтарин марказҳои фарҳанг, илм ва адабиёт, на танҳо дар Осиёи Марказӣ, балки ҷаҳон табдил ёфт.
Дар ҳамин давра забони форсӣ дубора эҳё ва рушд дода шуд ва ба сутуни муҳими забони имрӯзаи форсӣ табдил гардид.
Таърихшиносон давраи Сомониёнро ҳамчун замони пешрафт дар бисёр соҳаҳо, аз ҷумла илм, фанноварӣ, тиҷорат, кишоварзӣ ва фарҳанг дар Мовароуннаҳр ва Хуросон, арзёбӣ мекунанд.
Сомониён тавонистанд муҳити мусоиди иҷтимоӣ ва фарҳангиро фароҳам созанд, ки дар он донишмандон имкони омӯзиши амиқи илмҳои гуногуни ҷаҳонро дошта бошанд, бахусус донишҳои Юнону Рими қадим, ҳамчунин Ҳиндустону Чини бостонро.
Сомониён дар минтақае зиндагӣ мекарданд, ки маркази равобити тамаддунҳо буд. Мардум аз кишварҳо ва фарҳангҳои гуногун на танҳо молу коло меоварданд, балки аз дастовардҳои якдигар меомӯхтанд ва мубодилаи илму фарҳангӣ доштанд.
Яке аз омилҳои муҳими ин раванд ҷойгиршавии ин давлат дар масири Роҳи Абрешим буд.
Ин роҳ қисматҳои бузурги ҷаҳони он давраро, аз Чину Ҳинд дар шарқ то Форс ва Бизантия дар ғарб, ба ҳам мепайваст.
Тавассути роҳҳои тиҷоратӣ ин иртиботҳо ҳатто ғайримустақим то Аврупо ва ҳатто Скандинавиё низ мерасиданд. Масалан, дар он минтақаҳо тангаҳои нуқрагии сомонӣ пайдо шудаанд.
Аз ин рӯ метавон гуфт: Сомониён пули иртибот миёни Шарқ ва Ғарб буданд.
Яке аз сайёҳони маъруфи он давра Ибни Фазлон буд, ки дар асри X ба минтақаҳои зиёде сафар карда, фарҳангҳои гуногунро тавсиф намудааст.
Ӯ ба маънои зер чунин гуфтааст:
«Ман халқҳои зиёдеро дидам ва ҳар яке тарзи зиндагии худро дорад.»
Ҳамчунин донишманди бузург Абурайҳони Берунӣ, ки дар асрҳои X–XI зиндагӣ мекард ва аз ҳамин давраи шукуфоии фарҳангӣ таъсир гирифта буд, гуфтааст:
«Дониш аз фаҳмидани фарҳангҳои дигар ғанӣ мегардад.»
Ин андешаҳо нишон медиҳанд, ки мубодилаи фарҳангӣ ва ҳамдигаромӯзӣ ҳатто дар он замон низ аҳамияти бузург дошт.
Дар ҳамин давра бисёр шахсиятҳои бузург зиндагӣ ва эҷод кардаанд:
Шоир Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҳамчун падари шеъри форсӣ шинохта мешавад.
Донишманди бузург Абӯалӣ ибни Сино низ дар ҳамин муҳити фарҳангии шукуфон тарбия ёфтааст.
Ҳамчунин шоироне чун Дақиқӣ ва Фирдавсӣ низ аз ин давра илҳом гирифтаанд.
Маҳз сиёсати Сомониён буд, ки ин ҳама шароит барои дастгирии маориф, илм ва имконияти табодули фарҳангӣ имконпазир гашта буд.
Сомониён дар таърихи Осиёи Марказӣ нақши бисёр муҳим бозидаанд. Онҳо рамзи дониш, фарҳанг, рӯҳияи бой ва истиқлолият мебошанд.
Мероси фарҳангии онҳо то имрӯз зинда аст ва моро ба сӯи арзишҳои муҳим, аз ҷумлаи инсондӯстӣ, эҳтиром ва таҳаммулпазирӣ мебаранд.
Ва маҳз ҳамин арзишҳо имрӯз низ барои мо мардуми муҳоҷир муҳиманд, махсусан дар ҷомеаи гуногунранги Аврупо.
Ба ҳамаи шумо ояндаи пур аз оромиву сулҳ, эҳтироми ҳамдигар ва ҳамзистии осоиштаро орзӯ менамоям.
Аз таваҷҷуҳатон сипосгӯзорам!