ПИРӮЗИИ МУҲАММАД АЗИМОВ ДАР МУСОБИҚОТИ BUSINESS FIGHT NIGHT
06.09.2025
Имшаб, дар шаҳри Брук ан дер Мур, мусобиқоти бонуфузи муҳорибаҳои бидуни қоидаи Business Fight Night баргузор гардид. Дар ин мусобиқа ҷавони тоҷик, фарзанди хушноми миллати мо Муҳаммад Азимов, дар вазни 66 кг бо Ҳамза Абдулазим қувваозмоӣ намуда пирӯзӣ ба даст овард.
Муҳаммадҷон ҳамагӣ 15 сол дорад ва ин нахустин муҳорибаи ӯ дар чунин мусобиқоти пурнуфуз буд. Бо вуҷуди он ки вазни ӯ назар ба рақибаш хеле камтар буд, ҷасорат нишон дода ба майдон баромад ва бо иродаи қавӣ ғалабаро ба даст овард.
Анҷумани Фарҳангии Тоҷикистон ва Утриш ба Муҳаммад Азимов, ба мухлисону ҳаводоронаш ва ба тамоми тоҷикони муқими Австрия ин дастовардро самимона муборакбод мегӯяд. Мо ба ин паҳлавони ҷавон пирӯзиҳои пайдарпай ва комёбиҳои бузургро дар оянда таманно дорем.
Ҳамеша сиҳатманду сарбаланд ва дастболо бошӣ, паҳлавон!