
ПИРӮЗИИ МУҲАММАДҶОН АЗИМОВ ДАР МУШТЗАНӢ
20.12.2025
Имрӯз варзишгари ҷавон, вале аллакай ботаҷрибаи мо Муҳаммадҷон Азимов дар мусобиқаи Chok Dee Fightnight, ки дар шаҳри Брайтенфурти Утриш баргузор гардид, ғалабаи навбатии худро ба даст овард.
Муҳаммадҷон ҳам дар муҳорибаҳои бидуни қоида (MMA) ва ҳам дар муштзанӣ (бокс) ҳунарнамоӣ намуда, дар ҳар ду ришта натиҷаҳои назаррас нишон медиҳад.
Мо ин пирӯзиро ба худи Муҳаммадҷон, хонаводаи ӯ ва тамоми ҳаводоронаш самимона муборакбод гуфта, барояш дар оянда муваффақиятҳои пайдарпай, саломатӣ ва қуллаҳои нави варзишӣ орзӯ мекунем!