
ПИРӮЗИИ МУҲАММАДҶОН АЗИМОВ ДАР VENDETTA FIGHT NIGHT
15.11.2025
Муҳаммадҷон Азим насли нави варзишгарони тоҷик дар Вена буда хеле ҷавон аст.
Ӯ 1 сентябри соли 2010таввалуд шуда, ҳамагӣ 15-сол дорад. Ба ин сини наврасӣ нигоҳ накарда Муҳаммадҷон аллакай худро дар майдони варзиши касбӣ муаррифӣ кардааст.
Ин шом дар шаҳри Вена мусобиқаи бонуфузи Vendetta Fight Night баргузор гардид, ки дар он варзишгарони ҷавону забардаст аз кишварҳои гуногун ҳунарнамоӣ карданд.
Дар ин мусобиқа ҷавони умедбахшу хушноми тоҷик Муҳаммадҷон Азимов низ ба октагон баромад. Ӯ дар риштаи K-1, дар вазни 60 кг, бо варзишгар Адам Дудаев рақобат намуд. Муҳаммадҷон бо ҷасорат, интизом ва техникаи баланд муҳориба карда, дар раунди аввал пирӯзиро ба даст оварад.
Ин натиҷа на танҳо дастоварди шахсии Муҳаммадҷон, балки боиси ифтихори тамоми тоҷикони муқими Утриш ва дӯстдорони варзиши тоҷик дар умум мебошад. Пирӯзии ӯ нишон медиҳад, ки насли нави ҷавонони тоҷик, новобаста аз дурӣ аз Ватан, рӯҳияи миллӣ, ирода ва истеъдоди худро дар арсаи ҷаҳонӣ ба намоиш мегӯзоранд.
Анҷумани фарҳангии Тоҷикистон ва Утриш ба Муҳаммадҷон Азимовро бо ин дастоварди шоистаи варзишияш самимонп табрик гуфта, барояш саломатӣ, муваффақиятҳои нав ба нав ва қадамҳои устувор дар роҳи варзиши касбӣ орзӯ мекунад.
Иншааллоҳ, ин ғалаба оғози силсилаи комёбиҳои бузурги ӯ дар ин ҷода ва илҳомбахши дигар ҷавонони тоҷик хоҳад гашт!
Дастат ҳамеша боло бод, чемпион!