РАҚС ҲАМ ГУФТУГӮСТ
Мусоҳиба бо Светлана Симонова, мураббии рақсҳои шарқӣ, дар шаҳри Вена.
Чанде пеш дар маркази фарҳангии Анҷумани фарҳангии Тоҷикистон ва Утриш (АФТУ), дарсҳои рақси тоҷикӣ ба роҳ монда шуд. Мо ин ҷо бо мураббӣ Светлана Симонова - раққоса, тарроҳи рақс ва омӯзгори маъруф, ки ин дарсҳоро мегӯзаронад мусоҳиба оростем, то ҳам ӯро ва ҳам дарсҳои рақсро ба шумо муаррифӣ кунем.
Дар мусоҳиба дар бораи роҳи ӯ дар ин ҷода, пайвастанаш бо ансамбли машҳури «Лола», муҳаббаташ ба фарҳанги Шарқ ва нияту орзӯяш сухан меравад, ки хеле ҷолиб аст. Инак, худи мусоҳиба:
ÖTK: Светлана, ассалому алейкум! Лутфан, дар бораи худ нақл кунед. Чӣ гуна шумо ба дунёи рақс роҳ ёфтед?
Светлана Симонова: Роҳи ман дар дунёи рақс аз 9-солагӣ дар мактаби балет оғоз гардид. Дар 14-солагӣ ба ансамбли нимкасбии «Алтайские зори» пайвастам, ки рақсҳои халқҳои гуногуни ҷаҳонро иҷро мекардем. Баҳори соли 1965 як гардиши бузурге дар ҳаёти ман рух дод, ки дар зиндагии ман нақши муҳим бозидааст. Гурӯҳи Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба шаҳри мо омад. Дар байни онҳо раққосаи машҳур Шарофат Рашидова ҳам буд. Ман махсусан аз рақси «Мор» («Змея») дар иҷрои ӯ сахт мафтун шудам. Бо истифода аз имконоте, ки доштам тавонистам ба пушти саҳна роҳ ёбам ва бо Шарофат аз наздик шинос шавам. Ва ҳамин вохӯрӣ сарнавишти маро дигаргун сохт. Ӯ бо соддагӣ гуфт: «Агар хоҳӣ, ки рақси тоҷикӣ биомӯзӣ ман ба ту кӯмак мекунам». Ба наздики ансамбли нав бо номи «Лола» таъсис меёбад ва ман кушиш мекунам то туро ба Тоҷикистон даъват кунам.
ÖTK: Чӣ гуна фаъолияти шумо дар ансамбли «Лола» оғоз шуд? Кор кардан бо устод Ғаффор Валаматзода барои шумо чӣ маъно дошт?
Светлана Симонова: Баъди 3-4 моҳ ман даъвати расмӣ гирифтам ва дар синни 16-солагӣ ба шаҳри Душанбе парвоз кардам. Шарофат маро пешвоз гирифт ва ман дар хонаи онҳо зиндагӣ мекардам, то ки манзил пайдо кунам. Зиндагӣ дар хонаи онҳо, меҳмоннавозии тоҷикона боз як такони дигар буд бароям барои истодан дар Тоҷикистон. Мо он вақтҳо дар Театри Сабз машғул ба кор шудем ва ман аз наздикии ҳамон театр барои худ хона пайдо кардам.
Роҳбари ансамбл, Ғаффор Валаматзода, маро бо самимияти зиёд пазируфт. Ӯ бисёр чизҳоро бароям мефаҳмонд. Чӣ гуна маънии рақси тоҷикӣ ва тамаддуни Шарқро ҳис бояд кардро аз ӯ омӯхтам. Ҳамин устодон буданд, ки муҳаббати ман ба рақси шарқӣ ҳеҷ гоҳ коҳиш наёфт. Аммо бояд таъкид кунам, ки рақси тоҷикӣ дар ин миён ҳамеша бароям ба дил наздиктар буд.
ÖTK: Кадом рақсҳо дар он давра боз ба шумо маъқул буданд, тоҷикӣ, ӯзбекӣ, уйғурӣ?
Светлана Симонова: Рақс ин рӯҳи миллат аст. Ин таърих, анъана ва забони бе садо аст. Таърихи рақси тоҷикӣ бо амиқии ҳазорсолаи худ маро зиёдтар тасхир карда буд. Дар ҳар як ҳаракат, дар ҳар як оҳанг таъриху фарҳангм як миллати бостонӣ ҳис мегардид.
ÖTK: Шумо таҷрибаи бой дар омӯзиши на танҳо рақсҳои Осиёи Марказӣ, балки Кавказ ва Аврупо доред. Чӣ гуна шумо рӯҳияи ҳар як фарҳангро тавассути ҳаракатҳо ба шогирдон мерасонед?
Светлана Симонова: Ҳаракат мусиқии ҷисм аст. Рақс ин ҳолати ботинии табдил ёфтан, шодмонӣ ва ҳамзистӣ бо олам аст. Танҳо вақте ки раққоса бо ин эҳсосот мерақсад, рақс зинда мешавад, рақс сухан мегӯяд.
ÖTK: Ба назари шумо, муҳимтарин ҷузъи рақси миллӣ чист? Техника, ритм, ишораҳо ё ҳолати ботинӣ?
Светлана Симонова: Бешубҳа ҳолати ботинӣ. Рақс бе эҳсос танҳо маҷмӯи ҳаракатҳост. Вақте ки раққос аз самими дил мерақсад он вақт рақс ба санъат мубаддал мегардад.
ÖTK: Тақдир шуморо ба Утриш овард. Лутфан, нақл мекардед, ки чӣ гуна ба ин кишвар омадед ва чӣ тавр зиндагии эҷодии шумо тағйир ёфт?
Светлана Симонова: Соли 1972 ман бо шавҳарам ба Украина кӯчидам. Солҳои зиёд дар он ҷо зиндагӣ кардем. Мутаассифона, имрӯз он ҷо ҷанги ваҳшатбор ва ноинсофона ҷараён дорад. Мо маҷбур шудем Киевро тарк кунем ва дар Утриш оромӣ ва амниятро пайдо кунем.
ÖTK: Чӣ гуна идеяи гузаронидани машғулиятҳои рақси тоҷикӣ ва дигар рақсҳо дар Вена пайдо шуд?
Светлана Симонова: Баъд аз чанд моҳи зиндагӣ дар Утриш, огоҳи пайдо кардам, ки дар шаҳри Вена Маркази фарҳанги тоҷикон фаъолият дорад. Ман ба он ҷо рафтам ва дар бораи худ нақл кардам. Мо зуд ба созиш расидем, ки курси рақси тоҷикӣ ва шарқиро роҳандозӣ мекунем. Барои ман бо кӯдакон ва наврасон дарси рақс додан хеле маъқул аст. Ман худро танҳо бо рақс намебинам. Зиндагии ман бе рақс маъное надорад
ÖTK: Кадом рақсҳоро дар доираи дарсҳо таълим медиҳед? Аввалин рақс кадом хоҳад буд?
Светлана Симонова: Албатта, аввал рақси тоҷикӣ хоҳад буд. Вале мо бо хушнудӣ рақсҳои халқҳои Осиёи Марказӣ, Қафқоз ва ҷаҳонро ҳам хоҳем омӯхт. Рақс сарҳад надорад.
ÖTK: Ба андешаи шумо, рақси тоҷикӣ бо чӣ вежагие аз дигар рақсҳо фарқ мекунад?
Светлана Симонова: Рақси тоҷикӣ хеле нозук, пурмаъно ва саршор аз маъно аст. Ҳар як гӯшаи Тоҷикистон услуби хоси худ, либоси миллии худ ва ритми мусиқии худро дорад. Ин фарҳанг бениҳоят ғанист, ки шинохтани он лаззати хос дорад.
ÖTK: Чӣ гуна ба шогирдон кӯмак мекунед, то ки ҳатто бори аввал ҳам дар саҳна худро боэътимод ҳис кунанд?
Светлана Симонова: Вақте инсон худро як ҷузъи фарҳанги ҷаҳон эҳсос мекунад, он гоҳ дар ӯ итминон ва оромии ботинӣ пайдо мешавад. Рақс ба ӯ кумак мекунад, ки худашро бозёбад.
ÖTK: Ба иштирокчиёни дарсҳои худ ва касоне, ки ҳанӯз ба рақси тоҷикӣ шинос нестанд, чӣ орзу доред?
Светлана Симонова: Орзуи ман дидани чеҳраҳои шод дар машғулиятҳо ва берун аз он аст. Ман мехоҳам, ки мардум бо сарбаландӣ ва ҳисси пайванд бо анъанаҳои бостонии худ, дар шароити амн ва ҳамбастагӣ зиндагӣ кунанд.
ÖTK: Дар охир чӣ гуфтание доред?
Светлана Симонова: Фарҳанг ва таърихи тоҷикон хеле қадима ва шоистаи ифтихор аст. Рақси тоҷикӣ пур аз зебоӣ, лутф ва маъно аст. Ман ҳамаи дӯстдорони фарҳанги Шарқро ба дарсҳои мо даъват мекунам, чӣ тоҷикон, ӯзбекон, қирғизҳо, туркманҳо, озариҳо, украинҳо ва ҳама касоне, ки мехоҳад аз ин зебоӣ баҳравар гарданд, гуфтаниям, ки биёед то бо ҳам аз ин фарҳанг баҳра бардорем!
ÖTK: Барои ин суҳбати самимӣ ва илҳомбахш ташаккури зиёд мегӯем.
📍 Дарсҳои рақси тоҷикӣ бо Светлана Симонова ҳар рӯзи шанбе соати 11:00 дар Маркази фарҳангии тоҷикон, бо суроғаи зер баргӯзор мегарданд:
Flachgasse 22, 1150 Вена
🌸 Мо ҳамеша аз дидоратон шод ҳастем!