Nationalsfeiertag.1

РӮЗИ МИЛЛИИ УТРИШ

26.10.2025

Ҳамасола рӯзи 26 октябр мардуми Утриш Рӯзи миллии кишвари худро таҷлил мекунанд, рӯзи таҷассуми озодӣ, адолат ва сулҳ.

Маҳз дар ҳамин рӯз, соли 1955, порлумони Утриш Қонуни бетарафии ҳамешагиро қабул кард, ки баъдан ба яке аз пояҳои асосии давлатдории муосири Утриш табдил ёфт.

Ин сана на танҳо рамзи истиқлолият, балки нишони ҳамзистии осоишта, эҳтироми мутақобил ва ваҳдати миллӣ дар ҷомеаи гуногунранги Утриш аст.

Анҷумани фарҳангии тоҷикони Утриш (Österreich Tadschikische Kulturgemeinde) мардуми дӯсту меҳрубони ин кишвари зеборо бо ин иди муҳими миллӣ самимона табрик гуфта, орзуманд аст, ки сулҳ, шукуфоӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ ҳамеша дар ин сарзамин пойдор бимонад.