Saadi.001

САЪДӢ - МУРАБИИ МАЪНАВИИ БАШАРИЯТ

Имрӯз, мувофиқи тақвими ниёгон, якуми шаҳривар аст ва дар ҳавзаи фарҳангии порсӣ ҳамчун Рӯзи гиромидошти Саъдӣ таҷлил мегардад.

Саъдии Шерозӣ нафарест, ки ба забони порсӣ умри дубора бахшида, онро боз дубора бар маснади олии худ нишонд. Хизматҳои ӯ дар эҳё ва таҳкиму густариши забони порсӣ шоёни ҳама гуна таърифу тавсиф аст. Забонро, ки сутуни фарҳанг ва ҳувият аст, ӯ бо шеърҳои оламгир ва насри ороишёфтаи хеш ба дараҷае ба камол расонд, ки имрӯз низ дар гӯша-гӯшаи олам сухани ӯ садо медиҳад ва қалбҳоро тасхир мекунад.

Саъдӣ дарвоқеъ на танҳо шоири бузург, балки мураббии маънавӣ ва орифи роҳи маърифат аст. Каломи ӯ, ки ба фасоҳату балоғат оро ёфтааст, дар баробари зебоӣ, инчунин ҳикматомез ва пандомӯз ҳам мебошад. Ӯ дар «Гулистон» ва «Бӯстон»-и хеш на танҳо шеър, балки роҳу расми зиндагии шоистаро ба инсон арзонӣ медорад. Дар суханаш раҳмату эҳсон, ахлоқу адолат, ва муҳаббату покдилӣ ба таври аҷиб бо ҳам омехтаанд.

Саъдӣ бо забони нарму мулоим, вале бо қалами буррову дарки огоҳ, ботинро мековад ва инсонро ба фикру фаросат фаро мехонад. Ӯ бо истифода аз ҳикояҳои кӯтоҳу пурмазмун, масалҳои ҷолиб ва таҷрибаҳои зиндагӣ, забони ахлоқро соддаву возеҳ гардонида барои омма пешкаш кардааст. Бешубҳа, осори ӯ дар уқёнуси фарҳанги порсӣ ганҷест бебаҳо, ки насл ба насл интиқол ёфтаасту хоҳад ёфт.

Имрӯз, дар замоне ки башарият ба панду ахлоқ бештар ниёз дорад, овози Саъдӣ аз синаи таърих ба гӯши мо мерасад, ки:

Бани одам аъзои якдигаранд,

Ки дар офариниш зи як гавҳаранд.

Чу узве ба дард оварад рӯзгор,

Дигар узвҳоро намонад қарор.

Ту ки аз меҳнати дигарон беғамӣ,

Нишояд, ки номат наҳанд одамӣ.

Ин порча аз «Гулистон»-и Саъдист, ки акнун дар пештоқи бинои Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид насб шудааст ва нишони ҷаҳонӣ будани нигоҳи инсонгароёна ва башардӯстонаи ин мутафаккири беҳамтост. 

Саъдӣ инсони комилро меҷӯяд ва барои тарбияи ӯ меҳварҳои муҳаббат, таҳаммул, донишу таҳаммулпазириро пешниҳод мекунад. Вай бар он буд, ки инсон бояд дар ин ҷаҳони пур аз фитнаву шӯр муҳаббатро биомӯзад ва пок зистанро пешаи худ кунад.

Имрӯз, агарчи садҳо сол аз даргузашти ин марди бузург гузаштааст, муҳтавои осори ӯ ҳамоно тоза ва пойдор мондааст. Ба ростӣ, дар ҳар хонадоне агар “Бустон” ё “Гулистон”-и Саъдӣ дар он садо диҳад, он хона ба мактаби ахлоқ табдил хоҳад ёфт.

Пас биёед, имрӯз Саъдиро на танҳо ба ёд биёрем, балки рӯҳашро бо хондани як шеъраш, бо хондани як панду ҳикматаш шод гардонем ва ин мероси нобро бо эҳтиром ва масъулият ҳифз кунем.

Рӯҳи Саъдии бузургвор шод ва ёду номаш гиромӣ бод!