Айни

Садриддин Айнӣ — бунёдгузори адабиёти муосири тоҷик

15 апрели соли 1878 дар деҳаи Соктареи тумани Ғиждувони Аморати Бухоро шахсияти барҷастаи илму адаб, устод Садриддин Сайидмуродзода Айнӣ ба дунё омаданд,

шахсе, ки дар таърихи халқи тоҷик бо номи неки худ ва осори ҷовидонааш нақши нотакрор гузоштааст.

Устод Айнӣ ҳамчун поягӯзори адабиёти муосири тоҷик бо навиштани шоҳасарҳои таҳқиқотӣ-адабии худ ба миллати тоҷик умри ҷовидона бахшиданд. Устод нависандаи равшанфикр, маорифпарвар, муборизи роҳи ҳақиқат ва озодӣ, пажӯҳишгар ва шоир буданд. Устод Айнӣ инчунин дар сатҳи ҷаҳонӣ ҳам шинохта шудаанд. Ӯ нахустин Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон ва Қаҳрамони Тоҷикистон буд, унвоне, ки шоистаи бузургтарин фарзандони миллат аст.

Мероси илмиву адабии Садриддин Айнӣ, аз ҷумла романҳои «Одина», «Марги судхӯр», «Ёддоштҳо» ва дигар асарҳои пурарзиш, имрӯз ҳам дар қалбҳои хонандагон зиндаанд ва насли ҷавонро бо ҳисси ифтихор, худшиносӣ ва меҳри ватан мепарваранд.

Зиндагии пуршарафи устод Садриддин Айнӣ намунаи олии садоқат ба халқу Ватан, фарҳанг ва илми тоҷик мебошад. Номи ӯ барои ҳар як тоҷик мояи ифтихор ва сарбаландист.