
ШАРИФ НАЗАРОВ - УСТУРАИ ФУТБОЛИ ТОҶИК ДАРГУЗАШТ
30.12.2025
Бо таассуфи амиқ хабари даргузашти Шариф Назарович Назаров — мураббии барҷаста, устоди варзида ва яке аз шинохтатарин чеҳраҳои футболи Тоҷикистонро дарёфтем.
Ба аҳли хонавода, наздикон ва пайвандони марҳум изҳори ҳамдардӣ ва таслияти амиқи худро мерасонем. Ин талафоти ҷуброннопазир барои ҷомеаи варзишии Тоҷикистон мебошад.
Шариф Назаров тамоми умри пурбаракати худро ба хизмати футбол ва тарбияи насли ҷавон бахшидааст.
Бигзор Худованд ба хонаводаи ӯ сабри ҷамил ато фармояд ва ёди неки ӯ ҳамеша дар дилу хотири шогирдон ва ҳамкоронаш зинда бимонад.
Бо арзи таслият,
Анҷумани фарҳангии Тоҷикистон ва Утриш ва дастаи футболи «Помир Душанбе»-и шаҳри Вена