СИМОИ БАДАХШОН ДАР ОРОИШОТИ ОФАРИДАИ ЯК БОНУ
Дар дили кӯҳистони Помир, дар миёни табиати орому таронаҳои шаршараҳои куҳӣ муҳраҳо ҳам ба забон меоянд.
Муҳраҳои хомӯш пас аз он, ки ба дасти зани ватандӯсти бадахшӣ мерасанд ба сӯхан медароянд. Онҳо танҳо зевар ё ороишот нестанд, онҳо ҳар яке достонест аз ҳаёти гузашта, аз муҳаббат ва пайвандҳои қадимӣ. Дар дастони як зани хомӯш, вале пур аз нерӯиву нияти нек, ин муҳраҳо зинда мешаванд. Онҳо хотираҳое мегарданд, ки мардуми ин сарзамин дар онҳо гузаштаи худро мебинанд.
Тамара Ёрбекова на танҳо як ҳунарманд, балки дӯстдор ва посдорандаи хирад ва зебоии анъанавии Бпдпхшон аст. Ӯ бо муҳраҳои рангоранг дунёи наве меофарад, ки ҳамзамон қадимисту замонавӣ, нарм асту пурқувват. Ҳар порчаи кори дастии ӯ пули маънавиест байни наслҳо, байни кӯҳҳо ва дилҳо, байни фаромӯшӣ ва зиндагии ҷовидона.
Дар ин мусоҳиба мо на танҳо аз зеварҳо, балки аз зиндагӣ, ҷаҳонбинӣ ва фалсафаи зани эҷодкори бадахшӣ хоҳем гуфт. Аз дунёи кӯдакӣ то олами эҷодиёти аллакай ҷпҳонӣ. Ин мумоҳиба сайрест ба сӯи муҳаббат - муҳаббат ба Ватан, ба ҳунар, ба зиндагӣ.
ÖTK: Тамара, лутфан бигӯед, аввалин хотираи шумо аз ҷавоҳироти помирӣ чист? Ва киро дар ин ҷода устоди худ мешуморед?
Т. Ёрбекова: Аввалин бор, вақте ки 9-сола будам, муҳра ба даст гирифтам. Таътили тобистона буд ва ману духтари амакам дар суфраи даруни ҳавлии бобоям нишаста будем. Ӯ ба ман каме нишон дод, ки чӣ гуна дастбанд сохта мешавад. Он замон аз ноҳияи Ишкошим ба деҳаи бобоӣ рафта будам.
Ман як духтараки кунҷкоб будам, ба ҳама чиз завқ доштам ва мехостам омӯзам. Пас аз он, чанд сол бо мухраҳо кор накардам. Боз дар синни 15–16-солагӣ, дар таътили тобистона, барои худамон гоҳ-гоҳе дастбанду гулбандҳо месохтем. Тарзи кор бо мухраҳо дар он замон комилан дигар буд.
То имрӯз, ҳеҷ кас маро ба таври расмӣ ин ҳунарро наомӯзондааст. Ман дар ин роҳ ва дигар роҳҳои зиндагӣ як Устод дорам - Худои бузург. Ӯ танҳо роҳнамои ман аст! Чизеро бинаму омухтан хоҳам,аз Худоям талаб мекунам,ки маро роҳнамун бошад ва кумакам кунад. Ӯ бароям мушкилкушост, ки ман зуд меомӯзам ва меофарам.
ÖTK: Шумо дар бораи кӯҳҳои баланд ва муҳити суннатӣ ҳарф мезанед. Ин муҳит чӣ гуна рӯи завқи шумо ба ин зебоӣ ва тароват таъсир гузоштааст?
Т. Ёрбекова: Ман ошиқи беандозаи Ватанам ҳастам, муҳаббате, ки бо чанд ҷумла тасвир намешавад. Кӯҳҳои сар ба осмон кашида, дарёҳои пурталотум, ҳавои софу осмони кабуд… ҳамаи ин зебоиҳо муҳаббати Ватанро дар қалби ман бештар мекунанд.
Ҳамеша кӯшиш мекунам, ки ҳар чизе меомӯзаму месозам, реша дар зебоиҳои Ватани азизам дошта бошад. Ҳунаре, ки ман бо он машғулам реша дар фарҳанг ва мероси ниёгонамон дорад. Ва ман бо ифтихор онро идома хоҳам дод.
ÖTK: Вақте шумо мегӯед “нақшу нигораеро зинда мегардонам”, ин чӣ маъно дорад барои шумо?
Т. Ёрбекова: Вақте ман мегӯям "нақшу нигораеро зинда мегардонам", ман дар назар дорам, ки ба нақшҳо, рамзҳо ва ороишҳое, ки аз фарҳанг ва таърихи мо мерос мондаанд, рӯҳ мебахшам. Ман онҳоро на танҳо ҳамчун ороиш истифода мебарам, балки бо муҳаббат ва эҳтиром дубора ба ҳаёт меорам дар шакли зевар, дар рӯи матоъ, ё дар ҳар ҳунари дастие, ки месозам. Ин як кӯшиши зинда нигоҳ доштани ҳофизаи фарҳангии мост то он чиро, ки аз гузашта мондааст, имрӯз ҳам эҳсос кунем ва ба наслҳои баъдӣ расонем.
ÖTK: Дар ҷавоҳироте, ки шумо меофаред кадом рамзҳо ва нақшҳои анъанавии помирӣ бештар истифода мешаванд? Оё ҳар нақш маънои махсус дорад?
Т. Ёрбекова: Бале, дар муҳраҳое, ки ман меофарам, бештар рамзҳо ва нақшҳои анъанавии Помир шероза, ки яке аз машҳуртарин нақши мардуми шуғнизабони Бадахшон аст, истифода мебарам. Инчунин нақшҳои зиёди рангоранги Вахонӣ истифода мешаванд. Инҳо аксаран илҳомгирифта аз табиат, зиндагии кӯҳистон ва фарҳанги бостонии мардуманд.
Масалан:
Нақши офтоб рамзи рӯшноӣ, ҳаёт ва нерӯи офаранда- модар аст. Он дар бисёр гулдӯзӣ ва ороишҳо дида мешавад.
Нақши ромб (чоркунҷаи бурида), рамзи ҳифз ва муҳофизат мебошад. Онро аксар дар маркази гарданбанд ё дастпона ҷой медиҳанд.
Гулҳо ва буттаҳо рамзи зебоӣ, ҳосилхезӣ ва муҳаббат аст. Ҳар гул маънои худро дорад, масалан, лола рамзи ишқ ва ҳаётро дорад.
Нақшҳои зинагӣ ё хатҳои шикаста (зигзаг) рамзи роҳи ҳаёт ва кӯҳистон, бо ҳама печидагиҳояш аст.
Ситора ё нақши ҳаштгӯша рамзи комилӣ ва баробарист.
Ҳар нақш танҳо ороиш нест он як ҳикоя бо маънии амиқ аст. Ман мекӯшам дар ҳар порчаи муҳраам на танҳо зебоӣ, балки рӯҳ ва фарҳанги ватанам Тоҷикистон махсусан Бадахшонро зинда намоям.
ÖTK: Ҷавоҳироти шумо танҳо зебоӣ нест, гоҳо як офаридаи шумо ҳикоя мегӯяд, ё таронае месарояд. Оё метавонед як ҳикояи мушаххасеро, ки тавассути як зевар баён кардаед, нақл кунед?
Т. Ёрбекова: Дар санъати мардуми Вахон нақшҳо бениҳоят зиёданд, ки он нақшҳоро на танҳо аз табиат гирифтаанд балки аз рамзҳои оини пешин-зардуштӣ ва дини ҳозираамон Ислом, бо сузан нақшофарӣ мекунем, ки солҳои охир нақши дилакҳо ва гули садбарг бо баргҳои рангоранг бештар муд шудаанду бо онҳо тоқӣ медузанд, дар либосҳо гулдузӣ мекунанд ва ман аз онҳо муҳраҳои рангобаранг месозам.
Ҳикояҳо ва маъниҳояшон албатта зиёд ва гуногунанд, лекин ман яке аз онҳоро, ки медонам бароятон нақл мекунам.
Ҳикояи муҳраҳои дил: "Ду кӯҳи сарбафалак ва як дил"
Дар саргаҳи дарёи Панҷ, ду кӯҳи баланд рӯ ба рӯи якдигар буданд яке дар Вахон ва дигаре дар он тарафи марз. Онҳо солҳо бо хомӯшӣ ба ҳам менигаристанд, ҳар шом бо нури офтоб бо ҳам гап мезаданд, ҳар саҳар бо туман паёми дӯстӣ мефиристоданд.
Як рӯз духтари ҷавоне бо номи Тамара, ки муҳраҳои вахонӣ месохт, нақше дар хоб дид: Ду дили бо ҳам пайваста, бо риштаҳои сурх ва сабз, ки миёни кӯҳҳо овезон буданд. Ӯ хест ва бо муҳраҳо як гарданбанди нодир сохт: дар марказ диле дугона бо нақшҳои вахонӣ, гирдогирдаш гулҳои кӯҳӣ ва ранги оби Панҷ.
Вақте гарданбанд омода шуд, касе гуфт: Ин танҳо муҳра нест. Ин паёми муҳаббат аст, ки марз намешиносад.
Ҳамин тавр, "Гарданбанди дилҳо" ҳикояи иртиботи дили инсонҳо, фарҳангҳо ва кӯҳҳо гардид. Вақте касе онро мепӯшид, дилаш гарм мешуд, гӯё кӯҳҳо нафаси тозаи умед мебахшиданд. Агар бо ин зебоӣ миёни мардум бигардӣ, хатман назари хамагон суйи ту хоҳанд афтид.
ÖTK: Чӣ гуна шумо тавозунро байни нақшу нигори анъанавӣ ва муосир нигоҳ медоред?
Т. Ёрбекова: Тавозун байни нақшу нигори анъанавӣ ва муосирро бо чанд роҳ нигоҳ медорам:
Асоси фарҳангӣ бо услуби муосир. Ман истифодаи рамзҳо, нақшҳои вахонӣ ва ё дигар накшхои фарханги ватаниамро чуноне,ки буд нигоҳ медорам, вале онҳоро дар шакл ва ранги минималистӣ ё графикаи тоза мегузаронам, ки ба завқи имрӯза ҷавобгӯ бошанд.
Мавод ва шакл. Масалан, гулдӯзии анъанавиро ба шакли муҳра дар меъмории геометрии содда меоварам, шаклҳо муосир мешаванд, аммо нақш аз гузашта аст.
Ранггузорӣ. Ман ранги анъанавии сурх, сабз, сафедро нигоҳ медорам, вале баъзан бо хохиши муштариён дигар рангҳои табииро низ вориди эҷодиётам менамоям.
Ман кӯшиш мекунам, ки маънии нақшҳо гум нашавад. Вақте нақше интихоб мешавад, ҳикоя ё решаи фарҳангии он ҳам омӯхта мешавад, ин барои оянда хеле муҳим аст.
ÖTK: Ҳангоми сохтани зеварҳо бештар кадом ҳиссиёт шуморо илҳом мебахшад?
Т. Ёрбекова: Хушҳолии касе, ки онро дар бар мекунад. Вақте тасаввур мекунам, ки як зан ё духтари ҷавон бо ифтихор зевари маро мепӯшад, чеҳрааш шуъла мезанад, ин бузургтарин илҳом аст броям. Вакте аз ман муҳрае бо нақши тоза, фармоиш медиҳанд бо хушҳолии зиёд аз пайи эҷодаш мешавам ва аллакай чигуна зебо шуданашро тасаввур мекунам. Лекин бештари вақт муҳраҳое, ки аллакай бо ягон нақш сохтаам ва онро такрор ба такрор фармоиш медиҳанд, ман танҳо бо дастонам ки ба он одат кардаасту нақшро азёд медонанд кор мекунам, хушам ба ягон мусиқӣ ё тамошои филм машғул мешавад, вале зуд тайёраш мекунам.
ÖTK: Оё нақши зани ҳунарманд аз як минтақаи дурдасти кӯҳӣ дар ҷараёни эҷоди шумо таъсири махсусе дорад?
Т. Ёрбекова: Ҳар зани ҳунарманд дар худ як ҷаҳон нерӯ, сабр ва муҳаббат дорад. Ҳар муҳра, ҳар риштаи ман саршор аз муҳаббат, эҳтиром ва зебоӣ аст. Ин барои ман дурахши ҳунари холис аст.
Ман танҳо зевар намеофарам, балки таърихи онро ҳам кушиш мекунам биофарам. Нақшҳое, ки шояд дар китобе нестанд, дар зеҳну дастони ман зинда мегарданд. Вақте ман чизе эҷод мекунам, ҳамин эҳсос аз аввал то ахир маро тарк намекунад.
Ҳунари занони маҳалҳои дурдаст аксаран дида намешавад. Ман бо эҷодиётам мехоҳам садои онҳоро ба ҷаҳониён бирасонам. Ҳар гулдӯзӣ, ҳар гӯшвора мисли як таронаест аз номи ман.
Барои ман, муҳрабофӣ на танҳо ҳунар, балки рамзи зебоӣ, рамзи табиат ва ифтихор аст.
ÖTK: Чуноне, ки мебинем шумо кӯшиш мекунед, ки тавассути ҷавоҳироти худ фарҳанги помирро ба ҷаҳониён муаррифӣ кунед. То ҳол дар ин масир чӣ корҳоеро анҷом додаед?
Т. Ёрбекова: Ман кӯшиш мекунам, ки тавассути ороишоти худ ва бо нақшҳои тоҷикӣ махсусан помирӣ, вахонӣ фарҳанг ва санъати ватанамро ба ҷаҳониён муаррифӣ кунам. Аз соли 2020 ман беш аз 3 ҳазор зевар, ба мисли гарданбанд, гӯшвора ва дастбандҳо, бо истифода аз орнаментҳои анъанавии Помир ва Вахон омода кардаам. Ман кӯшиш мекунам, ки бо ин ҳунарам Помирро, ки як қисми Точикистони азиз аст, бо санъати зебову ҷолибаш дар уфуқи муосир намоиш диҳам ва ба тарзи нав ороишоти анъанавии ин минтақаи зебо ва фарҳангиро бо ҷаҳони муосир муаррифӣ кунам.
Ҳамзамон, ман мехоҳам, ки дар оянда тавассути лоиҳаҳои нав ва таҳияи коллексияҳои махсус, фарҳанги Помирро бо анъанаҳои хоси маҳаллӣ ва ороишоти суннатӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ кунам.
Беш аз 5 соласт, ки дар тамоми саҳифаҳои интернетӣ акси эҷодиётамро гузошта, дар Фейсбук, Инстаграм, Одноклассники, ВКонтакте, Пинтерест, Телеграма саҳифаҳои шахсӣ дорам, ки беш аз 2 миллион тамошобин доранд.
Ба баъзе давлатҳое,ки ҳанӯз худам нарафтаам, офаридаҳоям онҷо расидаанд. Мисол Русия, Қирғизистон, Қазоқистон, Узбакистон, Чин, Афғонистон, Покистон, Амрико, Конодо, Бритониё, Суис, Туркиё, Арабистон, Ҳиндустон. Баъзе шаҳрвандони ин давлатҳо аз офаридаҳои ман бо худ бурданд. Ба баъзе кишварҳои дигар ҳамшаҳриҳоям бо худ ҳамчун армуғон бурдаанду боз фармоиш дода, бурда истодаанд
ÖTK: Бо кадом мушкилиҳо дар роҳи рушди ин ҳунар рӯ ба рӯ мешавед?
Т. Ёрбекова: Мушкили асосӣ ин худи муҳраҳо хҳст,ки дар ватани мо камёфт асту бошад ҳам моли Чин аст, ки камсифатанд. Дигар ҳеҷ мушкилие нест. Худам тамоми кушишамро ба харҷ додам то ҳунарамро ба ин сатҳ барорам. Ҳама нозукиҳои ин хунарро омухта, барои муаррифии бештари он дар шабакахои иҷтимоӣ тамоми имконотро истифода бурда истодаам.
ÖTK: Оё ба ҷавонон низ ин ҳунарро меомӯзед? Чӣ тавр метавонед ҳунари аҷдодиро ба наслҳои оянда интиқол диҳед?
Т. Ёрбекова: Бале, омӯхтани ҳунари аҷдодӣ ба ҷавонон хеле муҳим аст, то ин фарҳанги бебаҳо аз байн наравад. Барои интиқоли он ба наслҳои оянда, роҳҳои зеринро метавон пеш гирифт:
ÖTK: Баргузории курсҳо ва семинарҳо. Ташкили дарсҳои амалӣ дар мактабҳо, марказҳои фарҳангӣ ё ҳатто омӯзишҳои онлайнӣ, то ҷавонон бе мушкилот истифода баранд.
2. Эҷоди клипҳои таълимӣ. Сабт кардани равандҳои таҳияи ороишот ва шарҳи ҳар кадом ба забони модарӣ ва бо субтитрҳо, то ки барои ҳамагон фаҳмо бошад.
3. Мусобиқа, намоишгоҳҳо ва роҳандозии озмунҳо барои ҷавонон, то ҳунари худро нишон диҳанд ва аз якдигар биомӯзанд.
4. Ҳамкорӣ бо бузургон ва ҳунармандони куҳансол барои интиқоли анъанаҳои таърихӣ ва рамзҳои ин ҳунар, то пайванд бо аслу реша нигоҳ дошта шавад.
5. Омезиши анъанаҳои суннатӣ бо техноложии муосир Муаррифии ҳунари аҷдодӣ бо услубҳои нав ва замонавӣ, то ҷавонон онро ба сурати зинда ва замонавӣ қабул кунанд.
Хохишмандон бисёр дар саҳифаҳои иҷтимоӣ менависанд, чӣ калонсолону чӣ ҷавонон. Бештари онҳо дар дигар шаҳру кишварҳо зиндагӣ мекунанд. Онҳоро тавассути видео, акс ва фаҳмондадиҳӣ меомӯзонам. Аллакай якчанд шогирд ҳам дорам. Ҳарчанд онҳо мисли ман намехоҳанд ҳамеша ба ин касб банд бошанд, лекин барои худашон, барои наздиконашог лозим шавад, месозанд.
ÖTK: Вақте шумо мегӯед “ишқи ман ба Помир” ин ишқ чӣ гуна дар зиндагӣ ва кори шумо нақш дорад?
Т. Ёрбекова: Вақте мегӯям “ишқи ман ба Помир,” ин танҳо ҳисси зебоӣ ё меҳри маҳал нест, ин як нерӯи рӯҳист, ки дар ҳар қадами зиндагӣ ва эҷоди ман таъсиргӯзор аст. Барои ман ва барои ҳар касе, ки чунин муҳаббатро эҳсос мекунад.
Ишқро дар ин маврид чунин ба тасвир кашидан мумкин:
Табиат, рангҳо, либосҳои анъанавӣ, ороиш, ва ҳатто мусиқии помирӣ дар маҷмуъ ба офаридани ҳар як гулдӯзӣ ё нигора таъсири амиқ мебахшад.
Ҳар як порае аз ҳунар як қиссаи Помир аст. Аз таърих, аз занони нерӯмандӣ ин диёри кӯҳӣ, аз муҳаббати пок, аз фарҳанге, ки бо табиат пайван аст.
Ин муҳаббат масъулият мехоҳад. Масъулияти пос доштан, зинда нигоҳ доштан, ва ба дигарон расондани арзишҳое, ки дар ин замон зери хатари нобудист ва касе онҳоро ҳифз намекунад.
Дар ҳар як кори дасти ман як порчаи дили ман аст. Вақте одамон онро мепӯшанд ё мебинанд, гӯё қатрае муҳаббати беканори ман ба Помирро эҳсос мекунанд.
Дар лаҳзаҳое, ки душворӣ эҳсос мекунам ё роҳ мушкил меафтад, ҳамин ишқ ба Помир садоям мекунад ва мегӯяд: “Идома деҳ, сарбаландӣ хоси мардуми куҳҳои сарбафалак аст.”
ÖTK: Агар Помирро дар мисоли як ҷавоҳирот тасаввур кунед, он чӣ гуна зебоӣ хоҳад дошт?
Т. Ёрбекова: Агар Помирро ба сурати ҷавоҳироте тасаввур кунем, он як санги нодиру қиматбаҳое хоҳад буд, ки натанҳо барои зебоияш, балки барои нерӯе, ки дар қалби он нуҳуфтааст, нерӯе, ки аз кӯҳҳои осмонбӯс, обҳои мусаффо ва рӯҳи матини мардумаш сарчашма мегирад, як рамзи устуворӣ ва матонат аст, ки бо табиат ҳамнафас гашта аст. Мисли як лаъли Бадахшон, ки машҳури олам аст. Бо зарҳалҳои майда-майда, ки ҳар якаш ёдгорие аз як деҳа, як суруд, як дуои модарон аст.
Гоҳо вақте ба қалби он назар андоҳӣ манзараҳои куҳсор, оби софи Бартанг, Хоруғ, Ишкошим, Вахон ва Шуғнонро мебинӣ.
Ин ҷавоҳирот инчунин садо ҳам дорад. Ҳангоме ба ӯ гӯш меандозӣ, гӯё садои рубоб, шабнишиниҳои шабҳои дароз, ё насиҳатҳои руҳбахши як муйсафедро мешунавӣ.
Он танҳо зебоӣ нест, он як ваъда аст, ваъдаи ҳифзи решаҳо, ваъдаи интиқоли муҳаббат, ваъдаи идомаи рӯҳияе, ки Помирро зинда нигоҳ медорад.
ÖTK: Ҳамин нақшҳоеро, ки дар ҷавоҳироти сохташудаи шумо мебинем дар фарҳангҳои дигар кишварҳо ҳам аҳёнан дида мешавад. Масалан мардуми Укроин ва Перуву Мексика ҳамчунин ҷавоҳироти монанд доранд. Оё дар ин бора боре фикр кардаед?
Т. Ёрбекова: Бале, нақшу нигор ва услуби зеварҳои помирӣ, ки асосан аз хатҳои геометрӣ, гулҳои рангоранг ва тарҳҳои анъанавӣ иборатанд, дар бисёр фарҳангҳои дигар низ дида мешаванд. Масалан, дар зеварҳо ва гулдӯзиҳои мардумони Украина, Перу Мексика ва боз як ду давлати дигар мо метавонем тарҳҳои шабеҳи онро бо рангорангии хос бубинем.
Ин шабоҳат тасодуфӣ нест. Ҳамаи ин халқҳо дар муҳитҳои табиӣ ва кӯҳӣ зиндагӣ кардаанд ва илҳоми худро чун мо аз табиат, анъанаҳои қадимӣ ва эҳсоси зебоии ботинӣ гирифтаанд. Гарчанде мо аз ҷиҳати ҷуғрофӣ дур бошем, муҳаббат ба зебоӣ, ранг ва рамз моро ба ҳам мепайвандад.
Мухраҳо дар ҳар фарҳанг на танҳо ороиш, балки рамзи ҳувият, хотира ва ирсияти фарҳангии он миллат мебошад. Ин шабоҳатҳо нишон медиҳанд, ки инсоният, новобаста аз миллат ё макон, ба таври ҳамсон бо зебоӣ ва анъанаҳо пайвандӣ дорад.
Ва ман бо якчанд нафароне,ки ҳамин ҳунарро доранд ва дар дигар давлатхо зиндагӣ мекунанд муносибати хуби дӯстӣ дошта дар телеграмма гурухи худро дорем. Он ҷо мо хунари хешро ба якдигар намоиш медихем. Аз якдигар меомӯзем.
Назар ба мо занони укроинӣ дар ин ҳунар хело моҳиранд. Қариб тамоми занҳои онҳо аз уҳдаи муҳрабофӣ мебароянд. Онҳо чун мо як ду намуд на балки даҳҳо намуди хатҳои геометрии муҳрабофӣ доранд,ки тарзи сохтани онхо низ гуногун ва зебост.
ÖTK: Орзуи шумо дар оянда чист?
Т. Ёрбекова: Орзуи аввалиндараҷаи ман дарёфти муҳраҳои аслии чехӣ аст. Гарчанде ки онҳо нисбат ба муҳраҳои чинӣ гаронтаранд, вале кор кардан бо онҳо хеле осонтар, роҳаттар ва зеботар аст.
Пасон, орзӯи дуввуми ман ихтироъ кардани як дастгоҳи барқии махсус барои муҳрабофист. Гоҳо ба андеша меравам: дар замоне ки барои ҳар гуна ҳунар техникаҳои муосир ва замонавӣ ихтироъ шудааст, чаро барои муҳрабофӣ то ҳол чунин асбоб вуҷуд надорад? Охир, ин ҳунар низ арзишманд аст, машхур аст ва меҳнати зиёд металабад.
Баъзан бо худ фикр мекунам: шояд ихтироъи он дастгоҳ дар такдири ман бошад?! Шояд ин масъулият ба ман вогузор шудааст? Ва ҳар боре, ки муҳраҳоро ба ресмон мегузаронам, ба худ бо лабханди умедворкунанд меандешам: “Шояд ҳамин орзӯ рӯзе ба ҳақиқат табдил гардад”.
ÖTK: Агар ба занону духтарони ҷавони тоҷик, ки мехоҳанд бо ҳунар зиндагии худро идома бахшанд, паём дошта бошед, он чӣ гуна хоҳад буд?
Т. Ёрбекова: Ҳар як муҳрае, ки ба ресмон мегузаронӣ, ҳар як гулдӯзие, ки бо ангуштонан бо меҳру муҳаббат мерӯянд, на танҳо ҳунар аст, балки порае аз қалб ва ҳастии туст.
Агар ту орзу дорӣ, ки бо ҳунари худ зиндагиро зебо бигардонӣ, бидон ки аллакай дар роҳи рост қарор дорӣ. Шояд роҳи ҳунарманд душвор бошад, вақт мехоҳад, сабр мехоҳад, ҷуръат мехоҳад. Вале рӯзе мерасад, ки мардум ба ту назар мекунанд ва мегӯянд: “Ин ҳунари асил аст!”
Зан будан, модар будан, ҳунарманд будан, ҳарсе шарифанд. Вале вақте ту инҳоро якҷо месозӣ, метавонӣ дунёро тағйир диҳӣ.
Аз мушкилот наҳарос. Аз оғози кори нав натарс. Ва аз он ки ҳунари ту ҳоло шояд сайқал наёфтааст, ҳаргиз ноумед машав. Зеро ҳар машъале аз шӯъла оғоз гардидааст
ÖTK: Дар охир лутф карда барои тоҷикон ва мардуми муқими Утриш дар бораи худ ва эҷодиёти худ каме маълумот бидиҳед. Худ ва ҳунаратонро бароямон муарифӣ кунед.
Т. Ёрбекова: Ман Тамара Ёрбекова, ҳунарманд ва тарроҳи мухрахои дастӣ ҳастам. Зодаи кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон буда алъон муқими шаҳри таърихии Хуҷанди бомтонӣ хастам.Ман зеварҳои зебоеро аз муҳра эҷод мекунам, ки илҳомгирифта аз нақшу нигори анъанавии Памир ва Вахон мебошанд. Ҳар як зеваре, ки ман сохтаам, дар худ қиссаҳои табиати ҷонофарин, фарҳанг ва рӯҳи зани кӯҳистонро ҳифз кардааст.
Ҳадафи ман на танҳо офаридани зебоӣ, балки зинда нигоҳ доштани фарҳанге аст, ки аз насл ба насл гузаштааст. Бо истифода аз муҳраҳои рангоранг ва нақшҳои рамзӣ, ман ҷаҳони муосирро ба зебоии суннатӣ мепайвандам. Ҳар як гулдухтар ва зан метавонад бо пӯшидани ин ҷавоҳирот эҳсос кунад, ки ӯ як қисми ҳикояи қадима, вале зиндаи Бадахшон аст.
Имрӯз ман бо ифтихор ҳунарамро Тоҷикистон то Утриш ва ҷаҳониён муаррифӣ мекунам, зеро бовар дорам, ки зебоӣ забони баналмиллалӣ аст ва фарҳанг пайвандгари аслии дӯстӣ ва ҳамгироӣ аст.
ÖTK: Аз шумо барои як мусоҳибаи хеле самимӣ сипосгӯзорем. Дар корҳои эҷодӣ ва зиндагии шахсиятон бурдборӣ ва муваффақият орзӯмандем.
Т. Ёрбекова: Ман низ аз самими қалб ба шумо ташаккур мегӯям барои ин мусоҳибаи гарм ва илҳомбахш. Барои ман ифтихор аст, ки тавонистам порчае аз дунёи ҳунарамро бо шумо ва ҳаводорону хонандагонатон нақл кунам.
Бо орзуи он ки ҳар як ҷавон чӣ дар Тоҷикистон ё чӣ дар Утриш роҳи худро дар зиндагӣ таввасути ҳунар, муҳаббат, ишқ ва зебоӣ пайдо кунад. Ба шумо низ комёбиҳои беназирро таманно дорам!