Shomifarhangi.15.11.25

ШОМИ ФАРҲАНГӢ БО САВТУ НАВОИ МАРДУМӢ

15.11.2025, Вена

Шоми 15-уми ноябр дар маркази фарҳангии тоҷикони Утриш (Österreich Tadschikische Kulturgemeinde) дар шаҳри Вена як маҳфили гарми фарҳангӣ баргузор гардид, ки ҷавонони навозандаи афғонистонӣ бо ҳузури худ ба он таровати тоза бахшиданд.

Дар барнома тоҷикон ва афғонистониҳои муқими Утриш ва меҳмонон аз ҷумҳурии Чех, инчунин утришиҳо ширкат варзида, дар фазои самимӣ, аз савту оҳангҳои мардумии ду кишвари ҳамзабон, ки фарҳангу адабиёти муштарак доранд лаззат бурданд. 

Дар ҷараёни маҳфил навозишҳои мардумӣ, оҳангҳои дилнишини ҳазорагӣ ва бадахшӣ танинандоз гаштанд, ки писанди меҳмонон гаштанд.

Дар маҳфил навозандагони ҷавон Ҳабиб Рафӣ бо дутор ва Масиҳ Каримӣ бо рубобу табла оҳангҳои дилнишин навохта, хотири тамошобинонро шод гардониданд. Омезиши оҳангҳои суннатии минтақаҳои гуногуни форсизабон фазои ҳамзистии фарҳангӣ ва ҳамдилии байни мардумони минтақаро боз ҳам рӯшантар ба намоиш гӯзошт.

Анҷумани фарҳангии Тоҷикистон ва Утриш бо баргузории чунин чорабиниҳои фарҳангӣ ҳадаф дорад, ки эҳсоси ҳамбастагиро миёни тоҷикон, афғонистониҳо ва дӯстдорони фарҳанги форсӣ таҳким бахшад. Робитаҳои инсонӣ ва фарҳангиро густариш диҳад ва барои насли ҷавон фазои озод ва ҷолиби фарҳангӣ фароҳам созад.