Консерт бо иштироки Сироҷиддин Ҷӯраев ва Мадина Сабирова
Бо камоли хурсандӣ шуморо ба ҷаҳони афсонавии мусиқӣ ва рақсҳои суннатии тоҷикӣ даъват мекунем.
Ба шумо ваъда медиҳем, ки аз навои дилнишини асбобҳои анъанавӣ ва ҳаракатҳои зебои рақсӣ, ки дар ҳар тору пуди он фарҳанг ва таърихи қадимаи тоҷикон ҳувайдост, мафтун хоҳед шуд.
Консерт дар фазои ҳамгароӣ ва дӯстона баргузор мешавад, ки ба тамошобин имкон медиҳад то нозукиҳои санъати қадимаи моро дар худ наздик эҳсос кунанд. Илова бар намоишҳои мусиқӣ ва рақсӣ, шом инчунин як муаррифии мухтасар дар бораи пайдоишу инкишофи санъати мардумӣ хоҳад буд, ки сарвати фарҳангии Тоҷикистонро боз ҳам рӯшантар ба тамошобин нишон бидиҳад.
Ин шом инчунин имкони хубест барои табодули афкор бо дигар дӯстдорони фарҳанг ва шиносоӣ бо фаъолияти Анҷумани фарҳангии Тоҷикистон ва Утриш, ки барои рушди муколамаи фарҳангӣ байни Утриш ва Тоҷикистон талош мекунад.
Шумораи ҷойҳо маҳдуд аст, аз ин рӯ, мо тавсия медиҳем, ки пешакӣ сабти ном кунед. Дар ин чорабинии беназир иштирок намоед. Уммедворем шоми фаромӯшнашавандае бо оҳангҳо ва рақсҳои ҷаззоби тоҷикӣ барпо кунем то дилҳоро тасхир кунад.
Макон: Novum Locations, Wiedner Hauptstraße 146-148, 1040 Wien
Замон: Шанбе, 14 сентябри 2024
Оғоз: соати 18:00
Мо интизорем, ки ин шоми дилнишинро бо ҳам гузаронда, пора аз фарҳанги тоҷикро ба сокинону меҳмонони шаҳри зебои Вена муаррифӣ кунем!
Аз сабабе, ки ҷойи нишаст маҳдуд аст, лутфан аз қабл фармоиши ҷойро фаромӯш насозед:
📞 +43 665 65 83 00 00