Шоми оҳангу рақси тоҷикӣ дар Вена
Дирӯз, 14-уми сентябр, Анҷумани фарҳангии Тоҷикистон ва Утриш шоми фарҳангӣ ва ҳунарии тоҷикиро дар Вена бо шукӯҳ ва шаҳомати хоса баргузор намуд. Ин барномаи консертӣ бо иштироки ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон, Сироҷиддин Ҷӯраев, раққосаи ансамбли машҳури “Зебо” Мадина Сабирова ва шогирди ҷавони Сироҷиддин, Равшанбек Ҷӯраев, доир гардид.
Ҳам дар бахши мусиқӣ ва ҳам дар бахши рақсӣ, меҳмонон шоҳиди як барномаи гуногунранг ва пурмазмун буданд. Оҳангҳо бо садои се асбоби мусиқии миллии тоҷикӣ: Сато, Танбур ва Дутор садо доданд, ки таърихи асбобҳо ва санъати навохтани онҳо бо зебоии махсус тасвир ёфт. Ин асбобҳо аз чӯби дарахти тут сохта мешаванд ва торҳояшон аз риштаҳои қадимии абрешим ё рудаҳои ҳайвонот таҳия мешуданд, ки дар замони муосир ба нейлон ва фулуз иваз шудаанд.
Барнома аз се қисмат иборат буд. Қисмати аввал оҳангҳои классикӣ ва халқии тоҷикро пешкаш намуд. Барнома бо рақси Помирӣ оғоз шуд, ки минтақаи Помирро сайёҳи машҳур Марко Поло ҳамчун "боми ҷаҳон" ном бурдааст. Дар ин қисмат инчунин панҷ порчаи мусиқии Сироҷиддин ва шогирди ӯ Равшанбек садо доданд, ки рақси Мадина барномаи мазкурро ғанӣ гардонд.
Дар қисми дуюм панҷ оҳанги хоси устод Ҷӯраев садо дод, ки худаш онҳоро эҷод кардааст. Ин композитсияҳо аз ҷиҳати бозии ритм ва оҳанг хеле мураккаб буда, ба мавзӯъҳои табиат ва муҳаббат иртибот доранд. Яке аз композитсияҳо, ки дар давраи пандемияи COVID-19 эҷод шудааст, бо номи "Wunder" дар барнома садо дод.
Қисми сеюм ба муносибати устод ва шогирд бахшида шуда буд. Сироҷиддин Ҷӯраев аз синни 10-солагӣ бо навозиши дутор сару кор дошт ва имрӯз шогирди ӯ, писараш Равшанбек, бо ҳунари худ шунавандагонро мафтун намуд. Дар ин бахш мо шоҳиди раванди омӯзиши асбобҳои тории Осиёи Марказӣ гардидем, ки чӣ гуна устод анъанаҳои чандинсола ва нозукиҳои ҳунарро ба шогирдаш интиқол медиҳад.
Барномаи консерт бо иштироки намояндагони дипломатӣ ва фаъолони фарҳангии чанд кишвар, инчунин дӯстону ҳамзабонони тоҷик аз Эрону Афғонистон, рангин гардид.
Барои Анҷумани фарҳангии Тоҷикистон ва Утриш гузаронидани чунин як чорабинӣ орзӯи дерина буд. Аз ин рӯ, аз фурсат истифода бурда, Анҷумани фарҳангии Тоҷикистон ва Утриш ба мутриби забардаст Сироҷиддин Ҷӯраев, ба шогирди ӯ Равшанбек Ҷӯраев ва ба раққосаи хушхиром Мадина Сабирова, инчунин ба кулли дастандаркороне, ки барои баргузории ин шом ба мо кумаки беғаразона карданд, сипосгузории худро иброз медорад. Рӯзу рӯзгоратон хуш ва муваффақият ҳамеша ҳамроҳатон бод!