Сомон Маҳмадбеков дар Олимпиадаи Порис нишони биринҷӣ гирифт!

SomonMahmadbekov.jpg

 

Бо камоли ифтихор, аз номи тамоми тоҷикони Утриш дастоварди таърихии ҷудокори номошнои тоҷик, Сомон Маҳмадбековро дар Олимпиадаи Порис табрик мегӯем. Сомон Маҳмадбеков бо иродаи қавӣ ва меҳнати шабонарӯзӣ тавонист дар ин мусобиқаи бузург ҷойи сазоворро ба даст орад ва парчами Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи сатҳи олии  ҷаҳонӣ баланд бардорад.

Сомон Маҳмадбеков, ки дар соли 2024 ҳамчунин дар қаҳрамонии ҷаҳон нишони биринҷӣ ба даст овард, намунаи барҷастаи истеъдод, кӯшиш ва ирода ба варзиш аст. Вай на танҳо ифтихори Тоҷикистон, балки намунаи барҷаста дар миёни ҷавонони тоҷик барои ҷаҳониён мебошад. Бо муваффақиятҳои худ, ӯ ба ҳама нишон медиҳад, ки бо меҳнат, истодагарӣ ва иродаи қавӣ ҳама орзӯҳо ва ҳадафҳо дастёб мегарданд!

Аз номи тамоми аъзоёни анҷумани тоҷикони Утриш, ба Сомон ва оилаи муҳтарамаш, бо мураббиён ва тамоми ҳаводоронаш беҳтарин таманниётро арза мекунем ва ба ӯ комёбиҳои навро орзу менамоем. Умед дорем, ки ин дастоварди бузург оғози роҳе пур аз муваффақиятҳо ва комёбиҳои бузург дар арсаи варзиш барои Сомон хоҳад буд.

Сомон, мо бо ту ифтихор мекунем ва ҳамеша дӯогӯи ту ҳастем. Орзуманди он ҳастем, ки парчами Тоҷикистонро ҳамеша дар мусобиқоти байналмилалӣ баланд бардорӣ ва комёбиҳои нав ба навро ба даст орӣ.

Анҷумани фарҳангии тоҷикони Утриш