Таърихчаи муносибатҳои Тоҷикистон ва Утриш
Ҷумҳурии Утриш истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро 18 январи соли 1992 эътироф карда, муносибатҳои диплумосӣ миёни ин ду кишвар 25 марти ҳамон сол барқарор карда шуданд.
Моҳи декабри соли 1997 Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Вена ва моҳи ноябри соли 2007 Сафорати Ҷумҳурии Федеролии Утриш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (қароргоҳаш дар шаҳри Остона) ифтитоҳ ёфтанд.
Гарчанде муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Утриш соли 1992 барқарор шуда бошанд ҳам, таърихи ин равобит ду даҳсола пештар оғоз шудааст.
Муносибатҳои Утришу Тоҷикистон соли 1972 бо бародаршаҳр эълон шудани шаҳрҳои Клагенфурт ва Душанбе оғоз гардидаанд.
Клагенфурт нахустин шаҳри аврупоӣ мебошад, ки бо Душанбе равобити бародаршаҳриро барқарор кардааст.
Чойхонаи миллии тоҷикӣ ҳамчун рамзи дӯстии мардуми Утришу Тоҷикистон дар яке аз боғҳои Клагенфурт бунёд ёфтааст.
Ҳамзамон, Клагенфурт якумин шаҳри аврупоӣ барои футболбозони тоҷик мебошад. Аввали солҳои 90-уми саддаи 20 ду футболбози дастаи “Помири Душанбе” – Александр Азимов ва Валерий Турсунов дар дастаи “Аустрия Клагенфурт” бозӣ мекарданд.
Соли 1997 дар Утриш Конфронси байналмилалии кишварҳои кумакрасон оид ба дастгирии рушди баъдиҷангии Тоҷикистон доир гардид, ки дар он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иштирок намуда, бо Президенти Федералии Ҷумҳури Австрия Томас Клестил мулоқот анҷом дод.
Гуфтанист, ки шиори ин конфронс чанд байт аз “Шоҳнома”-и безаволи Фирдавсӣ буд, ки чунин муҳтаво дорад:
“Бо кадом силоҳҳо худатонро барои ҷанг омода кардаед? Он тирҳо ва шамшерҳои интиқомҷӯятонро партоед, фишори панҷаи бераҳмонаи худро паст фуроред. Беҳтар буд бо ҳам даст диҳед ва ба бераҳмӣ хотима диҳем. Беҳтар аст, ки бинишинем ва чеҳраҳои хашмгинонаи худро бо нушбод рӯшан кунем. Пеши Худованд паймон бандем то қалбҳоямонро аз кибр пок созад, то аз ҷанг тавба кунем. Беҳтар буди бо ҳам созиш кунем ва як зиёфат омода созем”
12-13 марти соли 2013 Президенти вақти Ҷумҳурии Утриш Ҳайнтс Фишер ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сафари расмӣ анҷом дод, ки ин сафар ба таҳкими муносибатҳои ҷонибҳо такони нав бахшид.
Дар бахши илм байни Тоҷикистон ва Утриш ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкориҳои илмӣ ба имзо расидааст. Моҳи октябри соли 2005 як зумра олимони Утриш бо сафари корӣ аз Тоҷикистон дидан намуданд.
Ҳаҷми кулли тиҷорат байни ду кишвар дар соли 2022 ба 11,7 милюн дуллор расида будааст, ки аз ин ҷумла камтар аз 500 ҳазор дуллор ба содирот ва 11,2 милюн дуллор ба воридот рост меояд.