“TAJIK BOYS“ ҲАМ ВОРИДИ МАЙДОНИ САБЗ МЕШАВАД
Анҷумани фарҳангии Тоҷикистон ва Утриш лоиҳаи нави варзишии худро оғоз мебахшад.
Анҷумани фарҳангии Тоҷикистон ва Утриш бо ифтихор эълон мекунад, ки лоиҳаи нави худро дар бахши варзиш роҳандозӣ намуд. Инак, дастаи нави футболи хурд бо номи “Tajik Boys“ (Ҷавонони тоҷик) расман аз рӯзи якшанбе бозиҳои худро оғоз мекунад.
Ин даста аз ҷавонони тоҷик, ки дар Утриш иқомат доранд, ташкил ёфтааст ва ҳадафаш на танҳо фароғат ва варзиш, балки ба ҳам овардани ҳамватанон дар диёри ғурбат ва ҳамзамон муаррифии миллати тоҷик ба воситаи варзиши рақами 1 ба утришиён ва меҳмонони ин кишвари зебо мебошад.
Тими “Tajik Boys” дар лигаи “С” ширкат варзида ният дорад бо иштироки фаъолона номи миллати тоҷикро дар байни ҷомеаи Утриш хуб муаррифӣ намояд.
Ин ташаббус яке аз чандин қадамҳои Анҷумани фарҳангии Тоҷикистон ва Утриш барои густариши робитаҳои фарҳангӣ ва иҷтимоии тоҷикон дар Утриш буда, бо пайванд бо дигар барномаҳои фарҳангӣ, адабӣ ва таълимӣ, акнун варзиш низ ба яке аз самтҳои муҳим дар фаъолияти анҷуман табдил ёфтааст.
Бо ин иқдом, анҷуман бовар дорад, ки ҷавонони тоҷик метавонанд на танҳо дар арсаи фарҳанг ва илму маориф, балки дар майдони варзиш низ муаррифгари кишвар ва миллати худ ба ҷаҳониён бошанд.
🌐Барои ҳамкорӣ ва дастгирии даста:
📅 Бозии аввали “Tajik Boys” рӯзи якшанбе баргузор мегардад. Моро пайгирӣ намоед!