Rahimjon.01

ҲУНАРНАМОИИ МУВАФФАҚОНАИ РАҲИМҶОН АЗИМОВ ДАР ЛИНТС

25.04.2026

Варзишгари тавонои тоҷик Раҳимҷон Азимов дар муҳлати хеле кӯтоҳ, ҳамагӣ зарфи чаҳор рӯз, даъватро пазируфта, дар мусобиқаи байналмилалии Smash Time, ки дар шаҳри Линтси Утриш баргузор гардид, иштирок намуд. 

Шоёни зикр аст, ки ӯ на дар вазни маъмулии худ, балки дар категорияи вазни болотар, яъне то 80 килограмм ба майдон баромад, ки ин худ аз далерӣ ва омодагии баланди ӯ шаҳодат медиҳад.

Бо вуҷуди шароити душвор ва фишори вазни иловагӣ, Азимов дар рақобати шадид бар зидди намояндаи пуртаҷрибаи рақиб - Мустафо Сакинҷӣ, бо бартарии холҳо пирӯзии арзанда ба даст оварда, маҳорат ва матонати варзишии худро ба намоиш гузошт. 

Бо шарафи ин пирӯзӣ Раҳимҷон акнун ба рақобати ниҳоӣ роҳ ёфта, барои дарёфти камарбанди қаҳрамонӣ мубориза хоҳад бурд.

Анҷумани фарҳангии Тоҷикистон ва Утриш ва ҳаводорони пуршури ӯ ин ғалабаи шоистаро самимона табрик гуфта, барои Раҳимҷони азиз дар мусобиқаҳои оянда комёбиҳои боз ҳам назаррас орзӯ мекунанд!​​​​​​​​​​​​​​​​