
«ЗАБОН ТАНҲО ВОСИТАИ ГУФТОР НЕСТ» - МУСОҲИБА БО МУНИСА МУРСАЛЗОДА
27.03.2026
Бухоро яке аз куҳантарин марказҳои тамаддуни ҷаҳонӣ аст, ки бисёриҳо онро танҳо як шаҳри таърихӣ медонанд. Аммо барои Муниса Мурсалзода он натанҳо зодгоҳ аст, балки фазои ташаккули ҳувият, забон ва ҷаҳонбинии ӯст. Дар ин мусоҳиба ӯ аз нақши забон дар ҳифзи миллатҳо, масъулияти ҷамъиятӣ ва чолишҳои асри XXI ҳарф мезанад.
Ногуфта намонад, ки Анҷумани фарҳангии Тоҷикистон ва Утриш ва бону Муниса Мурсалзода санаи 1-уми майи соли 2026, соати 17:00, дар маркази фарҳангии тоҷикони Утриш, маҳфили “Мероси адабӣ ва фарҳангии Сомониён”-ро баргузор хоҳанд кард, ки сокинон ва меҳмонони Утришро ба ин маҳфил даъват менамоем.
Бо истифода аз ин фурсати муносиб мо бо бону Муниса Мурсалзода як мусоҳиба оростем, то қадре уро бо ҳаводорони фарҳанги форсӣ шиносонем.
Ва инак, мусоҳибаи мо бо бонуи фарҳангӣ Муниса Мурсалзода:
ÖTK: - Лутфан худро муаррифӣ кунед. Пайроҳаи зиндагии Шумо аз куҷо оғоз ёфтааст?
M. Мурсалзода: - Ман Муниса Мурсалзода, зода ва парвардаи Бухорои шариф ҳастам, шаҳре, ки қарнҳо маркази илму маърифат, фарҳанг ва адабиёти форсӣ-тоҷикӣ будааст. Барои ман, зиндагӣ аз ҳамин муҳит оғоз шуд, муҳите, ки дар он таърих танҳо дар китобҳо нест, балки дар набзи зиндагии кӯчаву бозор ва садои гуфтугӯи мардум эҳсос мешавад.
Ман дар фазое ба воя расидам, ки забони модарӣ, эҳтиром ба фарҳанг ва худшиносии миллӣ арзишҳои асосӣ буданд. Ин муҳит на танҳо шахсияти маро шакл дод, балки ба ман дарки масъулиятро низ омӯхт: масъулият дар назди забон, дар назди фарҳанг ва дар назди ҳувиятам.
ÖTK: - Бухоро барои Шумо чист: зодгоҳ ё ҳувият?
М. Мурсалзода: - Бухоро барои ман танҳо зодгоҳ нест. Бухоро сутуни ҳувиятист. Як мактаби зиндагӣ. Як сарчашмаи доимии илҳом аст.
Ин шаҳр бо меъмории худ шинохта мешавад, аммо арзиши аслии он рӯҳи фарҳангии он бояд ҳисоб шавад. Дар Бухоро таърих хомӯш нест, он зинда аст. Он дар забон, дар гуфтор, дар анъанаҳо мардумӣ идома ёфтаанд.
Маҳз ҳамин муҳит буд, ки дар ман ҳисси масъулиятро нисбат ба решаҳои худ бедор кард. Бухоро ба ман омӯхт, ки ҳувият чист, чигуна ӯро метавон шинохт, дарк кард ва ҳифз намуд.
ÖTK: - Забони форсӣ-тоҷикӣ дар зиндагии Шумо чӣ ҷойгоҳ дорад?
М. Мурсалзода: - Барои ман ин забон танҳо воситаи муошират нест. Ин забони андеша аст. Забони эҳсос. Забони баён аст.
Ин забон бо хотираҳои шахсӣ, бо таҷрибаи зиндагӣ ва бо ҷаҳонбинии ман решапайванд аст. Тавассути он ман на танҳо фикр мекунам, балки ҷаҳонро дарк менамоям. Ба ҷаҳониён забону фарҳангамро муаррифӣ мекунам.
ÖTK: - Нақши забон дар ҳифзи ҳувияти миллӣ то куҷо муҳим аст?
М. Мурсалзода: - Забон яке аз сутунҳои асосии ташаккул ва ҳувияти миллӣ аст. Вақте мо дар бораи забон сухан мегӯем, мо дар асл дар бораи таърих, хотира ва ҷаҳонбинӣ сухан мегӯем. Забон яке аз рукнҳои асосии шинохти миллист.
Забон на танҳо василаи иртибот аст, он низоми фикр аст. Он чаҳорчӯбаи дарки дидаҳову шунидаҳост. Агар забони модарӣ фаромӯш шавад, риштаҳои равобити инсон бо решаҳои худ пора мегарданд.
Аз ин рӯ, ҳифзи забон маънои ҳифзи ҳувиятро дорад.
ÖTK: - Шумо худро дӯстдори адабиёти классикии форсӣ меномед. Ин робита аз куҷо оғоз шуд?
М. Мурсалзода: - Аз оила. Аз ватан. Аз муҳити фарҳангии Бухоро.
Шеър дар зиндагии мо ҳузури табиӣ дошт. Дар Бухоро шеър бо таопӯи зиндагии мардум ҳамнафас аст. Аввалин ошноии ман бо адабиёти классикӣ аз ҳамин ҷо оғоз шуд: аз сӯҳбатҳои калонсолон, аз фазои хона, аз китобҳое, ки дар равоқҳои хонаи мо буданд.
Бо мурури замон, ин шавқ ба як дарки амиқтар табдил гашт ва ману адабу фарҳанги форсӣ бе ҳам дигар нафасгир мешудем. Адабиёти классикии мо ба ман зебоӣ, ҳикмат ва маърифат омӯзонд.
Зебоӣ - дар оҳанг ва нозукии баён, ҳикмат - дар умқи маъно, ва маърифат - дар неруе, ки инсонро ба шинохти худ ва ҷаҳон раҳнамоӣ мекунад.
ÖTK: - Кадом адибон ба Шумо бештар таъсир гузоштаанд?
М. Мурсалзода: - Агар ном барам, пеш аз ҳама Рӯдакӣ, Ҳофиз, Саъдию Фирдавсӣ ва Мавлоно.
Осори онҳо бастагӣ. А замону макон надоранд. Осори онҳо дар ҳар давра ҳамсуҳбати хубеанд бо аҳли фаҳм. Ҳар боре ки онҳоро мехонам, эҳсос мекунам, ки ин суханон танҳо ба гузашта тааллуқ надоранд, онҳо имрӯз ҳам нақши муҳиме доранд.
ÖTK: - Шумо дар самти ҳифзи забони форсӣ-тоҷикӣ фаъолиятҳои густурдае доред. Аз ин фаъолиятҳоятон ба мо гӯед.
М. Мурсалзода: - Ин пеш аз ҳама як масъулияти шахсӣ аст.
Ман кӯшиш мекунам, ки тавассути барномаҳои фарҳангӣ, суҳбатҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ, арзиш ва зебоии забони модарии худро ва адабиётамонро ба дигарон муаррифӣ кунам. Хусусан дар муҳити зиндагӣ дар хориҷ ин кор аҳамияти бештар пайдо мекунад.
Аммо муҳимтар аз ҳама оила аст. Агар забон дар хона зинда набошад, онро дар берун зинда нигоҳ доштан душвор аст.
ÖTK: - Имрӯз забони тоҷикӣ бо кадом чолишҳо рӯбарӯ аст?
М. Мурсалзода: - Яке аз мушкилиҳои ҷиддӣ коҳиши истифодаи фаъолонаи забон, бахусус миёни ҷавонон ва дар муҳити зиндагӣ дар хориҷ мебошад.
Раванди ҷаҳонишавӣ ва таъсири забонҳои дигар низ ба он таъсир мерасонанд. Аммо масъала танҳо дар таъсири беруна нест, масъала дар муносибати худи мост.
Агар эҳтиром ба забон заиф шавад, худи забон низ рӯ ба таназзул меорад.
ÖTK: - Нақши диаспора дар ҳифзи забон ва фарҳанг чӣ гуна бояд бошад?
М. Мурсалзода: - Диаспора имрӯз ба як омили калидӣ табдил ёфтааст.
Дар хориҷ аз кишвар, ки бештаре аз ҷавонон рӯ ба он овардаанд, забон дигар муҳити табиии худро надорад. Он бояд ҳифз карда шавад, огоҳона, бо кӯшиш ва талош. Аз ҳамин ҷост, ки нақши фаъолони фарҳангӣ ва оилаҳо бисёр муҳим мегардад.
Онҳо пули миёни наслҳо ҳастанд.
ÖTK: - Нақши занон дар ин раванд чӣ гуна аст?
М. Мурсалзода: - Бунёдӣ!
Модар аввалин шахсест, ки забонро ба фарзанд интиқол медиҳад. Забон пеш аз мактаб дар хона шакл мегирад. Аз ин рӯ, занон дар ҳифзи ҳувияти миллӣ нақши фавқулъода доранд.
ÖTK: - Паёми Шумо ба ҷавонони форсизабон чист?
М. Мурсалзода: - Забони худро аз даст надиҳед.
Бо он ифтихор кунед. Онро омӯзед. Бо он фикр кунед. Чун забон танҳо василаи гуфтор нест — он як мероси ҳазорсола аст.
Ояндаи ин забон дар дасти шумост.
ÖTK: - Ва ниҳоят: ояндаи забони форсӣ-тоҷикӣ дар асри XXI чӣ гуна хоҳад буд?
М. Мурсалзода: - Ояндаи забон аз мо вобаста аст.
Агар он ба шароити замон мутобиқ шавад - дар технология, дар расонаҳо, дар фазои рақамӣ — он на танҳо зинда мемонад, балки рушд мекунад.
Аммо ба шарте, ки мо бояд онро дӯст дорем ва ҳифз кунему зинда нигоҳ дорем!
ÖTK: - Ҷаҳони сипос барои мусоҳибаи хуб. Роҳатон ҳамеша ҳамвору қудуматон устувор бод!
М. Мурсалзода: - Сипос!